Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои ташаккули фарҳанги сиёсии кормандони макомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ: назари сотсиологӣ ва фарҳангшиносӣ

( ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон бахшида мешавад)

«Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».
Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


656Милитсияи тоҷик яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва таҳкимбахши Истиқлолият ва сохтори констутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.Фаъолияти рӯзмарраи милитсияро бе фарҳанги сиёсии кормандон,таъмини такягоҳи устувори иҷимоии онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.Бахусус Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои хуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рахимзода Рамазон Ҳамро ба фарҳанг ва этикаи касбии кормандон, вазъи иҷтимоии онҳо таваҷчуҳи хос ва ғамхориҳои беш зоҳир менамоянд. Худ як шахсияти ташаббускор, эҷодкор,олим ва мутахассиси варзидаи мақомоти ҳифзи хуқуқ, фарҳанги сиёсии кормандони макомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омили асосии пешравии фаъолият ва рукни асосии мухими тарбияи кормандони милитсия мебинанд. Мавзӯи фарҳанги сиёсӣ дар адабиёти илмӣ инъикоси васеъи худро ёфта, вале оид ба фарҳанги корманди милитсия (политсия) маълумотхо чандон зиёд нестанд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибиситиқлолии худро дар шароите эълон намуд,ки дар ҳама ҷабҳаҳои давлатдорӣ ҳанӯз аз замони сохти давлатдории шуравӣ ба мерос монда буд.Илова бар он аз солҳои аввали истиқлолият ҷумҳурӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд,ки он ба тамоми ҷабҳахои ҳаёти сиёсӣ,иқтисодӣ,маънавӣ,моддӣ ва ғайра зарари калон раснид» менвисад, Раҳимзода Р.Ҳ.(1.Раҳимзода Р.Ҳ.Ҳадафҳои стратегии миллӣ-Асоси амнияти иктисодӣ. Душанбе,2020.С.3).
Дар ҷомаи муосир фарҳанги сиёсӣ, ҳамчун қисми таркибии ҳаёти маънавӣ накши бузург дорад. Муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ маҳз тавассути фарҳаги сиёсӣ, унсури иҷтимоӣ, баҳодиҳӣ, майлони одамон, инчунин меъёр, малака ва тарзҳои рафтори сиёсии одамон баромад менамояд. Заминаи асосии фарҳанги сиёсӣ ин рушди устувори иктисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад, ки онҳо аз таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишар мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам,Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Олии кишвар аз 30-апрели соли 2007-ум иброз намуда буданд «мо вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи моддиву молиявӣ ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ-истиқлолияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами иқтосодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоиёт, таҳкими амнияту оромии мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифта, мехоҳем Ватани азизу муқаддаси худ - Точикстонро ба сафи кишвархои пешрафтаи олам расонем». (2. Манбаъи электронӣ: http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 12.01.2021. Паймҳо, апрели соли 2007.С.1).
Точикистон,ки роҳи бунёд ва эъмори давлати демократиро хадафи худ қарор додааст, бештар ба арзишҳои маънавӣ ё худ маърифатӣ, бахусус фарҳанги сиёсӣ ниёз дорад. «Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллат аст,Миллате, ки забон,тафаккури миллӣ,таъриху адабиёт,расму оин ва арзишҳои фарҳангро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад»-менависад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон (3.Эмомалӣ Раҳмон.Ҷавонон-ояндаи миллат. Душанбе, Ирфон,1998.-С.38.).
«Махз бо ибтикор, таваҷҷух ва талошхои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи кухани халқи тоҷик эҳё гардида,осори қадимаи он ба маърази умум гузошта шуд. Бо ҷалби таърихшиносону бостошиносонҳо даҳҳо мавзеъҳои қадиму таърихии кишвар кашфу азнавсозӣ карда шуданд, ки имрӯз онҳо шаходати возеҳи яке аз миллатхои куҳантарини дунё будани точиконанд» - менависад, Раҳимзода Р.Ҳ.(4.Раҳимзода Р.Ҳ.,Фазилати Пешво. Душанбе,2019.С.54.)
Барои ташаккули фарҳанги сиёсии кормандони МКД заминаи муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ лозим аст ва дар ин самт бояд такягоҳи иқтисодӣ муҳайё кардан лозим меояд, ки дар ин ҷода корҳои назаррас анҷом дода мешаванд ва дар ин замина рӯҳия, шуури сиёсии кормандон ташаккул меёбад.
Барои баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсии кормандон дар Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор тадбирҳои муҳими фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд, ки барои ташаккули фарҳанги сиёсии кормандон дорои аҳамияти калон мебошанд:
-қабули Фармони №1 аз 01.01.2006 « Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиқкати кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шахрвандон»;
-қабули Кодеси одоби касбии корманди милитсия,таҳти фармони №19б/з аз 17.02.2017;
-таъсис ва фаъолияти ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»,аз 06.02.2008;
-таъсис ва фаъолияти ансамбли «Сипар» - и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2000-ум;
-ифтитоҳ ва фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун маркази бузурги таълим,тарбия,илм ва фарҳанги тайёр намудани мутахассисон, 30-августи соли 2017;
-ифтитоҳи бинои нави РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,07.11.2017.
-ифтитоҳи Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,09.11.2018;
-ифтитоҳи бинои нави Дастаи таъиноти махсуси РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,22.11.2019.
-таъсис ва фаъолияти Муассисаи давлатии таълмии «Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ» бо қароргоҳ дар шаҳри Кулоб,21.01.2015;
-таъсис ва фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД ҶТ» дар ноҳияи Данғара,01.03.2018;
-таъмиру тармими Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев бо сарпарастии ВКД дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик, ноябри соли 2018;
-ташрифи кормандони МКД ба театрҳо ва Марказҳои фарҳангии ҷумҳурӣ-мунтазам;
-таъсис ва фаъолияти маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор» дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони МКД ,2016-2021;
-таъсис ва фаъолияти Маркази матбуоти ВКД: барномаҳои «Ахбори ВКД» ва «Набз» дар шабакаҳои телевизионии ҷумхурӣ,хафтае як маротиба;
-таъсис ва фаъолияти Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон www.vkd.tj ;
-ба феҳристи воститаҳои ахбори омма ворид гардидани нашрияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Точикистон, «Набзи милисия»,24-августи соли 2015.
-нашри дастури амалии корманди бозрасии давлатии автомобилӣ бо ронанда-шахрванди хориҷӣ. Душанбе,2018.
-ифтитоҳи Маҷмааи варзишии ВКД,23.04.2013;
-таъсис ва фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,аз 11-ноябри соли 2014 ;
-таъсис ва фаъолияти гурӯҳи «Авангард» ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,20-августи соли 2015;
- ба Шохиси Россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) соли 2015 ва бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз 6 июни соли 2017 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризӣ ворид гардидани Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон;
-таъсис ва фаъолияти Маркази илмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон(2016) ва нашри маҷаллаи байнидавлатии ИДМ – Наркофронт,20-июни соли 2017;
--таъсис ва фаъолияти Маркази илмӣ-тадқиқотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,14.11.2014;
-гузаронидани пурсиши сотсиологӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи корманди милитсия дар ҷомеа,18.06.2018;
-таъсис ва фаъолияти Маркази тестии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва ҷо ба ҷогузории кадрҳо;
-таъсиси як қатор мукофотҳои соҳавии ВКД, аз қабили медали «Барои мусоидат», аз 25.10.2014; Нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» аз 05.10.2014; Раҳматномаи Вазири корҳои дохилӣ аз 25.10.2014;
-Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020,бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2013, №1438 тасдиқ шудааст;
-Барномаи ислоҳоти ( рушди ) милитсия барои солҳои 2014-2020,бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014, №296 тасдиқ шудааст;
-фаъолияти Шуъбаи милитсияи экологӣ ва туризми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти чалби сайёҳон ба кишвар, августи соли 2019;
-Роҳнамо барои кормандони милисия, ки тартиботи ҷамъиятиро дар раванди интихобот таъмин менамоянд,бо қарори КМИР Ҷумҳурии точикистон аз 16.12.2019, №28 тасдиқ шудааст;
-таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ, давра ба давра;
- гузаронидани озмуни корманди беҳтарини оперативӣ, муфаттиши бехтарин, нозири беҳтарини минтақавии милитсия,омӯзгори беҳтарин, ҳар сол як маротиба;
-таъмиру тармим ва ҷалби кормандон ба Осоишгоҳ ва Марказҳои таълиму тармими ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мантиқи гуногуни кишвар, давра ба давра;
-табдили Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавонони ВКД ҶТ ба Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғону ҷавони ВКД ҶТ,соли 2019;
-кушодан ва фаъолияти бунгоҳҳои замонавии тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии зуроварии оилавии ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо дар тамоми манотиқи кишар;
-таъмиру тармими пурраи қисмҳои ҳарбии Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини шароити беҳдошт ва фароғати аскарону афсарон,давра ба давра;
-ифтитоҳи бинои нави Раёсати тибии ВКД Ҷумҳурии Точикистон,соли 2010;
-таъмиру тармими пурраи бинои Дастаи таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Точикистон,2019;
-таъмиру тармими пурра ва ифтитоҳи биноҳои нави замонавии ШВКД -ҳои шаҳру ноҳияҳи ҷумхурӣ, давра ба давра;
-кушодан ва фаъолияти корхонаи «Комбинати дузандагӣ»и РТМТН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,22 ноябри соли 2019;;
-ифтитоҳ ва фаъолияти бинои таълмии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 ноябри соли 2019;
-ҷалби кормандон ба варзиш, ташкили даврии Спартакиада ва мусобиқаҳои ВКД ва дигар макомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар;
-таъсиси курсҳои кутоҳмудати такмили ихтисос да заминаи Академияи ВКД, Маркази муқовимат бо терроризму экстремизм ва сепаратизми РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон, давра ба давра дар давоми сол;
-ташкили саёҳии дохилӣ ба ҷойҳои таърихӣ, Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи Миллӣ, Боғҳои Миллӣ - мунтазам;
-аъзо гардидани кормандони МКД ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон;
-ташкил ва гузаранидани озмуни китобхонӣ,рӯзи китобхонӣ ва дигар озмунҳои фарҳангӣ,давра ба давра.
Чандин дигар тадбирҳои муҳими фарҳангӣ барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсии кормандон андешида шуданд, ки ба хештаншиносӣ ва ватадӯстии онҳо таъсирбахш мебошанд.Нақши фарҳанги сиёсӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии кормандон хеле бузург аст.Фарҳанги сиёсӣ дорои сохтор ва унсурҳои таркибии хеш мебошад, ки ба шуури ҷамъиятии кормандон таъсири мусбӣ мерасонад. Фарҳанги сиёсии кормандони МКД -ҳамчун шакли махсуси фарҳанги сиёсӣ-садоқат ба ватандорӣ, Президент, миллат, сохти конститутсионӣ, манфиатҳои давлат баромад менамояд.(5.Асламов Б.С.,Боев Ҷ.Ҷ.,Саидолимов К.С.Фарҳанги сиёсӣ.-С.5-8;18-26).
«Миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мову шумо арзишҳои миллӣ,мероси фарҳангӣ,таърихи куханбунёд, илму адабиёт ва хунари волои онро ба хотири расидан ба қадри истиқлолият,ҳувияти миллӣ,худшиносӣ ва давлату давлатдории навин пайваста омӯзему талқин намем» - менависад, Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон . (6.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих.Аз Ориён то Сомониён.Душанбе,2019.С.16.)
Мафҳуми фарҳанги сиёсӣ дар илм асри 18 аз тарафи файласуфи немис И.П.Гердер (1744-1803) пешнход гардида буд, ки минбаъд такмил ёфта дар асрҳои 20-21 беш аз 40-ташреҳи он истифода гардид. Дар маҷмӯъ фарханги сиёсӣ маҷмӯи арзишҳо, нишондод, эътиқод, майлонҳо, рамзҳо ба шумор рафта, ба сифати батартибсозии таҷрибаи сиёсӣ ва танзимгари рафтори сиёсии кормандон баромад менамояд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули он дар Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони макомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои мушаххаси тарбиявӣ-маърифатӣ, фарҳангӣ дар ин ҷодаи хеле муҳими давлатӣ роҳандозӣ гардиданд.

Асламов Б.С., Муҳаммад С. А., Самиъзода Б.С.
- омӯзгорони Академияи ВКД

Адабиёт:
1. Раҳимзода Р.Ҳ.Ҳадафҳои стратегии миллӣ - Асоси амнияти иктисодӣ. Душанбе,2020.С.3.
2. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 12.01.2021.Паймҳо,апрели соли 2007.С.1).
3. Эмомалӣ Раҳмон.Ҷавонон-ояндаи миллат. Душанбе, Ирфон,1998.-С.38.
4. Раҳимзода Р.Ҳ.,Фазилати Пешво. Душанбе,2019.С.54.
5. Асламов Б.С., Боев Ҷ.Ҷ., Саидолимов К.С. Фарҳанги сиёсӣ. Душанбе, Академияи ВКД,2007.-С.5-8;18-26.
6. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих.Аз Орииён то Сомониён.Душанбе,2019.С.16.
7. Абдуллоев Р.А.Рафтор ва одоби хизматии кормандони макомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,2003.
8. Асрориён У.,Сайболиев Н. Мавод доир ба назарияи фарханг. Душанбе,1994.
9. Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солхои 2014-2020.Душанбе,2019.
10. Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020.Душанбе,2019.
11. СолиевК.Ҳ.,МансурзодаА.М.,Абдулаҳадзода А.А.,Нуридинзода С.Н., Мирзорустамов М.М. Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа. Душанбе,2020.
12. Одоби касбӣ ва муоширати хизматчии давлатӣ.Душанбе,2007.
13. Мирзоев С.Б., Шарипов Ф.Р. Этикаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ.Душанбе,2014.
14.Бойзода Ҷ.Ҷ.Этикаи касбӣ,Душанбе,2017.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...