Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси намунавӣ дар курси такмили ихтисоси Академияи ВКД

653

Дар асоси нақшаи таълимии Академияи ВКД ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД курсҳои кӯтоҳмудатӣ такмили ихтисоси кормандони оперативии ВКД созмон дода шудааст.
Дар курсҳои мазкур дар баробари устодони Академия ба раванди таълим роҳбарони мақомоти дахлдор ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, мутобиқи нақша 15 январи соли 2021 аз тарафи мутахассисони Маркази хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори қисми махсуси таълимӣ, капитани милитсия Қурбониён З. ва нозирони кинологӣ майори милитсия Раҳимзода Ҳ.С., капитани милитсия Набиев О.С., лейтенанти калони милитсия Давлатзода Х.Б., капитани милитсия Маҳмудзода М.М. ва Ҳусейнзода У.М., дар сатҳи баланди касбӣ дарси назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Дарси мазкур аз ҷониби шунавандагон ба хубӣ пазируфда шуда, бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.

654655

Тазаккур бояд дод, ки мунтазам бо иқдоми сардори Академия ба раванди таълим роҳбарони бахшҳои гуногуни МКД ҷалб гардида, он барои аз худ намудани фанҳои таълимӣ самараи хуб медиҳад.

Асламов Б., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...