Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ҷоизасупорӣ дар номинатсияи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ»

651

Рӯзи 9-уми январи соли 2021 дар кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» баргузор гардид.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон омзунро барои дарёфти “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” эълон намуд.
Комиссияи босалоҳият, ки аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, 20 нафар шахсоне, ки барои Ватан, миллат ва ҷомеа ҷони худро дареғ надошта бо ҷавонамардӣ ва шуҷоат хизмат намуда буданд, муайян карданд. Ҷоизаи мазкур ба онҳо ва наздикони онҳое, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардида буданд, супорида шуд.
Заҳматҳои бемисли корманди ҷавони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Раҳимзода Зоҳир, ҷавони ватандӯсту меҳанпарвар низ шоистаи таҳсин буда, номбурда аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид. Майори милитсия Раҳимзода Зоҳир дар баробари масъулияти баланди фаъолияти хизматӣ, ҳамчун корманди матинирода, содиқ ба Ватан, ба Савганд дар таърихи 23 феврали соли 2018 як нафар зан, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсиро, ки бо мақсади даст ба худкушӣ задан, дар кӯчаи Соҳилӣ худро ба дарёи Душанбе партофт, Раҳимзода Зоҳир чолокона номбурдаро аз дохили дарё берун оварда, ҳодисаи худкуширо пешгирӣ мекунад.
Рӯзи 4 феврали соли 2020 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ ду нафар кӯдакони ноболиғ ва амволи шаҳрванд Неъматовро аз сӯхтор наҷот дод, инчунин дар таърихи 6 ноябри соли 2020 ба ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ занг зада, оиди дар кӯчаи Н.Қарабоев, дар назди истгоҳи Сирки давлатӣ хобидани ҷасади шахси номаълум хабар додааст.
Раҳимзода Зоҳир дар самти варзиши омехта муррабии бомаҳорат аст. Дар баробари ҷавон буданаш дарк мекунад, ки варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшуда ҳама вақт ҷавону солим ва бардам мебошад. Инчунин варзишро роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдату дӯстӣ низ меноманд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майори милитсия Раҳимзода Зоҳир дар тарбия намудани ҷавонон - мутахассисони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ низ саҳми босазо дорад.

Давлатшоева А., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...