Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати фаъоли курсанти Академияи ВКД дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

648Сержанти хурди милитсия Исозода Саидшоҳ Идибек соли 2007 ба мактаби таҳсилоти умумии рақами №4 шаҳри Бохтар рафта, соли 2016 пас аз хатми бо муваффақияти синфи 9-ум ба Литсеи ҳарбии ба номи генерал-майор Тошмухаммедов М.Д. дохил шуда, онро соли 2018 хатм намудааст.
Соли 2018 ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, айни замон курсанти курси 3-юми факултети №2 –юм буда, бо баҳои хубу аъло ва инизоми намунавӣ таҳсил менамояд. Дар баробари таҳсил ӯ ба корҳои илмӣ, фаъолияти «Ҷамъияти илмии курсантон» иштироки фаъол намуда, дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ зери роҳбарии омӯзгори калони кафедари фанҳои муҳандиси-техникӣ подполковники милитсия Рустамзода З. шуғл меварзад.
Аз ҷумла, ӯ 16-уми октябри соли 2020 бо таври ғоибона дар Озмуни байналмилалии корҳои донишҷӯён дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларусия бо мақолаи илмии «Структурные и логические модели обучения» ширкат намуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 3-юми ин озмун гардид.
Исозода Саидшоҳ бо навиштани хабару мақолаҳо шавқу рағбати зиёд дошта, бо рӯзномаҳои соҳавии мақомоти корҳои дохилӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Аз он ҷумла, мақолаҳои ӯ «Тадбиқи адолатнокии принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ» дар ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» (моҳи октябри соли 2020) ва «Мақоми корманди оперативӣ дар амну субот» дар рӯзномаи «Набзи милитсия» №12, (64), ба табъ расида, ба Озмуни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ маърӯзаи худро бо номи «Солҳои 2019-2021 солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешниҳод намудааст.
Ҳоло бошад, Исозода Саидшоҳ Идибек барои иштирок дар Озмун ва конференсияҳои байналмилалии Авруосиё дар шаҳри Москва, озмуни донишҷӯён дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларусия ва Конференсияи байналмилалии Донишкадаи ҳуқуқии Федератсияи Россия дар шаҳри Орлов (ба таври ғоибона) омодагӣ мебинад.
Ба курсант, сержанти хурди милитсия Исозода Саидшоҳ Идибек барои иштироки фаъол дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникӣ подполковники милитсия Рустамзода З. бурдбориҳо таманно дорем.

Асламов Б.С., Одиназода Ш.И., ходимони Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...