ҲАДЯИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ФАКУЛТЕТИ № 4
Махзани ганҷи гарони ин ҷаҳон бошад китоб,
Маънию кашфи ҳикмату тадқиқу таҳқиқаш шитоб!
Маънию фазли ҳаёти одамият, ин китоб,
Дарки дарҷи ақл ҳар ҳарф асту ҳам банд асту боб.
Китоб сарчашмаи илму дониш, дӯст, ҳамсӯҳбати беминнат, нерӯи тавонои тағриби одоби ҳамида, бузургдошти арзишҳои миллӣ, ватандӯстиву маърифатпарварӣ ва воситаи беназири ҳифзу посдории таърихи ҳар як халқу миллат мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати хирадмандона ва маънавиятасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дастури Пешвои миллат дар заминаи интишор ва ба ҳар оила дастрас намудани шоҳкитоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, муваззаф намудани ҳар як шаҳрванд, бобати дар як сол мутолиа кардани ҳадди ақалл панҷ китоби бадеӣ, ҳар кадоми моро вазифадор мекунад, ки ба масъалаи донишомӯзии аҳли ҷомеа, бахусус насли ояндасоз таваҷҷӯҳ намоем.
Гузашта аз ин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш дар робита ба соҳаи маориф дастуру супоришҳои саривақтӣ дода, аз ҷумла дар тамоми муассисаю ташкилот ва корхонаю идораҳо ташкил намудани китобхонаҳоро супориш дода буданд.
Роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандон ва курсантони факултети №4, инчунин баҳри бой гардонидани китобхонаи факултет бо китобҳои бадеии тозанашр кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Вобаста ба ин, дар асоси аризаи роҳбарияти факултети №4 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой ба факултети № 4 зиёда аз 500 адад китобҳои бадеии нодир ва тозанашр, аз ҳисоби китобҳои чопии шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони вилоят, Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, матбааҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилоят ва дигар муассисаҳои нашркунандаи китоб, ҳадя карда шуд.
Муаллим-методисти калони қисми таълим, капитани милитсия Султонзода Беҳзод