Забони англисӣ-забони байналмилалӣ
Таҳлили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки таъмини синфхонаҳои таълимӣ бо ҷиҳозонидани технологияи компютерӣ, озмоишгоҳҳои лингофонӣ на танҳо сифати таълими ин забонҳоро баланд мегардонад, балки ба раванди забономӯзӣ, азхуднамоии мафҳум ва истилоҳоти тахассусӣ кӯмак мерасонад.
Мақсад ва вазифаҳои синфхонаҳои таълимӣ-компютерӣ ва лингофонӣ ва сатҳи забондонии курсантону шунавандагон дар Академияи ВКД ҶТ пеш аз ҳама иборат аст аз ҷоннок кардани омӯзиши забони русӣ ва англисӣ роиҷи дунё, ташаккули маҳорати касбии мутахассисон ва забондонӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони русӣ ва англисӣ тавассути технологияи инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ.
Имрӯз сатҳи сифати таълими фанни забони англисӣ ва забони русӣ ба талаботи низоми кредитӣ дар Академияи ВКД пурра ҷавобгӯ буда, як қатор пешравиҳо дар таълими ин фанҳо мавҷуданд. Бунёди факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва синфхонаи лингофонӣ муҷаҳаз бо технологияи муосир аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия. муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ. дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Академияи ВКД нақши муассире дорад, зеро ташаккули тафаккули техникию табиии курсантон, ки малакаи забономӯзӣ, инноватсияи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, технологияи истифодаи маводи компютерӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад.
Бахшида ба 10-солагии эълон гардидани забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалӣ аз ҷониби СММ мизи мудаввар бо ҷалби курсантони фаъолу забондон аз курсҳои дуюм ва сеюм (30.12.2020), инчунин маҳфили илмии курсантон «Забондон» таҳти унвони «Мыслители Востока о воспитании и обучении» баргузор намудан ва нишон додани маҳорати баланди забондонии курсантон, аз дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ дар Академияи ВКД ҶТ дарак медиҳад.
Забони англисӣ забони тичорат, сиёсат илм варзиш ва саёхат дар тамоми чаҳон шинохта шуд. Зиёда аз як миллиард одамон ба забони англисӣ гап мезананд,ки ин қариб панҷ кисми аҳолии чаҳон аст. Барои 400 млн одамони сайёра ин забони модарӣ аст ва барои 600 млн. ин забони дуюм хисоб мешавад.
Имрӯз бошад зиёда аз 250 млн одамон танхо забони англисиро омӯхта истодаанд. Омӯзиши забони англисӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шарт ва зарур аст. «Забони нав-ҷаҳони нав» гуфтааст, яке аз файласуфони бузург.
Давлатшоева А. Убайдуллоев Ш.