Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АНҶОМИ МАШҚҲОИ ОПЕРАТИВӢ - ТАКТИКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

639

Аз санаи 21 декабри соли 2020 то санаи 28 декабри соли 2020 дар факултети № 4, тибқи нақшаи таълимӣ ва фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5 ташкил ва гузаронида шуд. 

Дар ҷараёни машқҳои оперативӣ-тактикӣ ба курсантон якҷоя бо ҳайати омузгорони кафедраҳои ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои он дар вилоти Суғд тарз ва методикаи гирифтани маълумот ва ариза оид ба ҳодисаҳои ҷиноят, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, тартиб додани намунаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 460 майдаавбошӣ, 90 аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон, 577 интиқоли ғайриқонунии мол ё воситаи нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ ва парвандаи ҷинноятӣ бо моддаҳои 237 авбошӣ, 201 муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва 244 дуздӣ мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омухтанд.
Дар вақти тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ аз ҷониби курсантон шароитҳои сунъӣ мутобиқ ба шароити вокеъии вобаста ба ҳодисаи ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ташкил гардида, нақши кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар самтҳои хизмат бозида, бо як масъулияти баланд аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда баромада тавонистанд.

640

Дар хотимаи машқҳои оперативӣ-тактикӣ аз ҷониби курсантони курси 5 дар маҷмуъ 97 намунаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 97 намунаи парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои дар боло зикршуда тартиб дода шуда, аз ҷониби курсантон дар назди ҳайати комиссия ҳимоя гардиданд.

Сардори кабинети кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети № 4,
лейтенанти калони милитсия Асадхони А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...