Табрикоти солинавии сардори Академияи ВКД
Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва муовини аввали сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., ба курсантони ятим ва кормандзанони Академия Соли навро самимона табрику таҳният намуда, онҳоро ба ин муносибат аз лиҳози моддӣ-молиявӣ ҳавасманд намуданд.
Дар иртибот ба ин курсантони ятиме, ки бо парастории Пешвои миллат ва Вазири корҳои дохилӣ дар Академия таҳсил менамоянд иброз намуданд, ки дар оянда боз ҳам бо баҳои хубу аъло таҳсил хоҳанд намуд.
Чорабинии мазкур боиси хурсандии кормандзанон ва курсантони ятими Академия гардид. Ин иқдоми наҷиб дар дигар факултетҳои Академия низ амалӣ гардонида шуд.
Асламов Б., СафарзодаС.