Викторина дар МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, касбӣ ва такмил доданӣ маҳорат ва малакаи курсантон, ҳамзамон сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 26 декабри соли 2020 дар толори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон ва сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Давлатшоева Азиза ва меҳмонони зиёд иштирок доштанд.
Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ, чорабинии идонаро кушода эълон намуда, ҳайати меҳмононро ба афсарону курсантони Коллеҷ шинос намуда, зимни суханронии худ шогирдону меҳмонони азизро ба муносибати баргузории Виктарина дар мавзӯи «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бахшида ба «30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», табрик гуфта, ба онҳо вобаста ба шартҳои Виктарина инчунин дар бораи 30-соли даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки мақсади баргузории викторинаи мазкур таҳким бахшидани дониши курсантон дар самти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст, географияи Тоҷикистон ва самтҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар бар гирифта, малака ва маҳорати дар амал татбиқ кардани донишҳои омӯхташудаи онҳоро муаян менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар курсантон эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба хиз-мат ва Ватанро бедор мегардонад.
Ҷолиби қайд аст, ки чунин викторина бо иштироки курсантони курсҳои 1,2 ва 3-юм дар МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори нахуст дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷ баргузор карда шуд. Ба таври зарурӣ ташкил ва баргузор шудани викторинаи мазкур, бо иштироки донишҷӯён аз дигар Коллеҷҳои ҷумҳурӣ дар оянда ба Нақшаи чорабиниҳои илмии ҳарсолаи МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст. Дар викторинаи мазкур курсантони номбурдаи «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкати фаъолона намуда дар самти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст, географияи Тоҷикистон ва самтҳои бехатарӣ аз сӯхтор донишҳои назарявии худро мукамал гардонидаанд.
Дар Виктарина се даста иштирок намуданд. Аз ҷумла дастаҳои“Беҳтарин суханварон”,“Беҳтарин оташнишонон” ва “Бехтарин наҷотдиҳандагон”. Дар Виктаринаи мазкур дастаи “Беҳтарин наҷотдиҳандагон” ғолиб гардида, ба ҳар як иштирокчии фаъоли Виктарина туҳфаҳо ва сипосномаҳо тақдим карда шудаанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи дастаҳо саҳначаҳои ҳаҷвӣ низ пешкаши меҳмонон гардид.
Дар анҷоми чорабини тибқи иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дастгири намудан ба оилаҳои ниёзманд ва ятимон” аз ҷониби Роҳбарияти Коллеҷ ба оилаҳои ниёзманд ва курсантони ятим низ кумаки моддӣ расонида шуд.
Боварӣ дорем, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар байни курсантони Коллеҷ барои бедор намудани завқи таълимии онҳо кумак хоҳад кард.
И.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтори
МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Сафарзода Хуршед.
И.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо
МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Фозилова Шаҳноза.