Боздиди хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз Академияи ВКД
Рӯз 6-уми декабри соли 2017, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илм, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва муноқишаҳои байнимактабӣ, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 4, 6 ва 7-и пойтахт барои боздид ва шиносоӣ аз рафти донишомӯзӣ ва шароитҳои азхуднамоии барномаҳои таълимӣ ба муносибати «Соли ҷавонон» ба Академияи ВКД даъват гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои номбурдаро омӯзгорони Академияи ВКД бо руҳияи болида пешвоз гирифта, бо роҳбаладии хеш онҳоро бо китобхони Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи махсуси криминалистика, бехатарӣ аз сӯхтор ва ронандагӣ аз наздик ошно намуданд. Илова бар ин баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонону ноболиғон, ба хонандагони мусасисаиҳои зикргардида видеороликҳои хусусияти тарбиявидошта нишон дода шуд.