Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад…
Омӯзгорони забону адабиёти тоҷикӣ, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва махсусан, ба сайқал додани фарҳанги муоширати ҷавонон мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, ҳар яки моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Инчунин дар хотир бояд дошт, ки мо дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст. Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар ниҳоят муҳим мебошад. Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи он муассисаҳои таълимӣ- низомӣ буда, ба поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати ҷиддӣ медиҳад.
Омӯзиши забони давлатӣ дар байни шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун: конференсияҳо, семинару мизи мудаввар, дарсҳои кушод ва намунавӣ аз фанни забони тоҷикӣ, рӯдакихониву турсунзодахонӣ, ҷашнгирии зодрӯзи шоирону нависандагони бостону муосир, омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҷузъу томҳои ВКД гувоҳи гуфтаҳои болост. Рӯзи 29 декабри соли 2020 баргузор намудани дарси намунавӣ дар доираи омӯзиши китобҳои (қисми 1 ва 2) «Забони миллат-ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ шаҳодати арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш ба забони шоиронаи тоҷикӣ аст.
Давлатшоева А., Убайдуллоев Ш.