Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5-уми факултети №5

615

Бо мақсади иҷро намудани талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ, дар ҷодаи такмил додани маҳорати касбӣ, ташаккули таҷрибаи амалӣ ва қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ дар заминаи кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 ҷаласаи факултет бо иштироки ҲПО ва кормандони факултети №5 гузаронида шуд. 

Дар ҷаласаи мазкур оид ба рафти иҷрои нақшаи гузаронидани машқҳои оперативӣ – тактикӣ бо курсантони курси 5 факултети №5 аз ҳисоби ҲПО вобаста ба самти хизматӣ, ду гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Ба гурӯҳҳои ташкилкардашуда аз ҳисоби ҲПО, роҳбарони гурӯҳ ва аъзоёни онҳо таъин карда шуданд. Доир ба натиҷаи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар таърихи 21-уми декабри соли 2020 аз тарафи гурӯҳҳои корӣ чунин корҳо анҷом дода шуданд:
1. Дастур пеш аз оғози машқҳои оперативӣ-тактикӣ.
2. Тақсим намудани маводҳои санҷишӣ ва адабиёти зарурӣ.
3. Шиносоӣ ва тартиби пур кардани маводҳои санҷишӣ.
4. Оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми санҷиш нисбати объекти интихобшуда.
5. Пурсиши ҷабрдида;
6. Таъин намудани экспертизаи техникии оташнишонӣ оид ба муайян намудани сабаби сар задани сӯхтор.
7. Ҷамъ намудани маводҳои лозимӣ оид ба омилҳое, ки ба сар задани сӯхтор ва инкишофи он мусоидат намудааст.
Дар рафти машқҳои оперативӣ – тактикӣ курсантони курси 5-ум ба якчанд намуди маводҳои санҷишӣ, аз ҷумла тартиби гирифтани баёнот, пурсиши шоҳидон, азназаргузаронии ҷои ҳодиса ва дигар намуди ҳуҷҷатгузориҳои мурофиавӣ ошноӣ пайдо намуда, мавриди омӯзиш қарор дода, ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб доданд.
Вобаста ба санҷиши техникии объекти интихобии маркази савдои «Кушониён» дар ш.Душанбе ва хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дар бозори «Ховарон» бо роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони обеъектҳои интихобшуда мувофиқа карда шуданд.
Мувофиқи нақшаи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ, гузаронидани корҳои профилактикӣ, тафтиши техникии оташнишонии маркази савдои «Кушониён», воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе, дар таърихи 23-юми декабри соли 2020 ба нақша гирифта шуд.
Дар асоси нақшаи машқҳои оперативӣ-тактикӣ, ҲПО ва курсантони курси 5 факултети №5 дар якҷоягӣ бо кормандони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва мутахассис оид ба пешгирӣ намудани ҳолати сар задани сӯхтор дар маркази савдои «Кушониён», ҳолати риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар бинои мазкур тафтиш намуданд. Бинои мазкур соли 2020 ба истифода дода шуда, фаъолияти худро дар 3-ошёнаи бино ба роҳ мондааст. Масоҳати умумии бинои мазкур 33 ҳазор метри мураббаъ, ҷои кор барои 689, шумораи иҷорагирон 43. Таҳхона - таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 150-адад автомобил, ошёнаи аввал барои фурӯши маводҳои хӯрока ва молу ашёи рӯзгор, ошёнаи дуюм ошхона, толори бозиҳои кӯдакона ва синамо, ошёнаи сеюм аз осорхона ва утоқҳои корӣ иборат буданд.
Ҳангоми рафти санҷши шартӣ дар бинои маркази савдои «Кушониён» аз тарафи санҷишгарон якчанд камбудиҳо ошкор карда шуданд, ки нисбати камбудиҳои ошкоршуда маводҳои лозимӣ тартиб дода шуд:
1. Сипари оташнишонӣ дар ҳар як ошёнаи бино бояд на кам аз 5-6 то гузошта шавад, вале дар ҳар ошёнаи бинои мазкур 2-тогӣ сипари оташнишонӣ гузошта шуда буд, ки тедоди он барои чунин бинои калон хело кам мебошад.
2. Муҳлати истифодабарии оташхомӯшкунакҳо гузашта буданд ва шумораи ками онҳо дида мешуд.
3. Аломатҳои ишоракунанда ва ё таҳлияи одамон ҳангоми сӯхтор кам ба назар мерасид.
4. Системаи автоматикии ҳавотозакунӣ, ки дар як сол як маротиба мавриди санҷишу тафтиш қарор дода шавад, нисбаташ ҳуҷҷат тартиб дода нашудааст.
5. Нақшаи таҳлияи одамон бояд дар ҳар як ошёнаи бино гузошта мешуд, вале дар ҳар ошёнаҳои бино нақшаи мазкур вуҷуд надошт.
Ҳангоми тафтиши техникии оташнишонии бинои маркази савдои «Кушониён» як қатор камбудиҳо аз тарафи курсантони курси 5 факултети №5 дар рафти гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ ошкор карда шуд, ки ҳамаи он нуқсонҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар парвандаҳои санҷиши шартӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор ҳамроҳ карда шуданд.

616

Оид ба гузаронидани қисми амалии машқҳои оперативӣ-тактикӣ, дар санаи 27-уми декабр бо иштироки курсантони курси 5 факултети №5 дар заминаи бозори «Ховарон» аз тарафи кормандони қисми мустақили №54 оид ба муҳофизатии минтақаи «Ховарон» як намоиши машқҳои тактикӣ гузаронида шуд.
27-уми декабри соли 2020, соати 18:20-дақиқа, ба нуқтаи маркази алоқаи (НМА) СХДО ВКД XТ оид ба сар задани сӯхтор дар яке аз мағозаҳои фурӯши маводҳои хурока ва молу ашёи бозори «Ховарон» хабар расид. Танзимгари калони НМА ҚМҲ СХДО ВКД XТ вобаста ба расидани хабари сӯхтор ҷузъу томҳои гарнизони ХДО Душанберо бо даъвати №3 ба ҷои ҳодисаи сӯхтор равона намуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодисаи сӯхтор ҳозир шудани қисми оташнишонии аввалин, соати 18:25-дақиқа, муайян карда шуд, ки мағозаҳои фурӯши маводҳои хӯрока ва молу ашёи рӯзгори бозори «Ховарон» дар масоҳати 170 метри мураббаъ сӯхта истодааст. Ҳангоми татбиқи чорабиниҳои оперативӣ-тактикии оташнишонӣ, сӯхтор дар масоҳати 170 метри мураббаъ иҳота карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сӯхтори шартии бозори «Ховарон» аз ҚМ-и №54 як басти оташнишонон бо ҳайати 7-нафар, аз ҚМ-и №11 як басти оташнишонон бо роҳбарии сардори ситод бо ҳайати 7-нафар ва инчунин як басти оташнишонони қувваи эҳтиётӣ бо ҳайати 7-нафар иштирок доштанд.
Вобаста ба сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расонидашуда, аз тарафи курсантони курси 5 чунин санадҳо тартиб дода шуданд.
1.Тартиб додани санади сӯхтор.
2.Тасвири нақшаи ҷои сӯхтор.
3. Протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи сӯхтор. Дар рафти гузаронидани азназаргузаронии ҷои ҳодисаи сӯхтор инҳо дарёфт карда ва гирифта шуданд: Асбобҳои худсози гармидиҳанда, ноқилҳои барқии дар девори анбор васлкардашуда ва хокистари маводҳои сӯхта.
4. Протоколи гирифти далелҳои шайъӣ.
5. Баёноти шоҳидон.
6. Баёноти ҷабрдидагон.
7. Банаворгирӣ ва аксбардории ҷои ҳодисаи сӯхтор.
Хулоса, ҳангоми хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дар бозори «Ховарон» аз тарафи курсантони курси 5-ум низ чунин амалиёт иҷро карда шуда, сабаби сар задани сӯхтор муайян ва нуқсонҳои ҷой дошта бартараф карда шуданд. Ҳамаи он санадҳое, ки ҳангоми сар задани сӯхтор аз тарафи курсантони курси 5-уми ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор тартиб дода шуданд, дар парвандаҳои санҷиши шартӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор ҳамроҳ карда шуданд.

Нуруллозода М., Шарофзода Ф.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...