Ҳаёт сар то по хайр аст!
Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллат аст, зеро моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлату Ҳукумати Тоҷикистонро таблиғу ташвиқи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи асосии он худшиносу худогоҳ, ватанхоҳу ятимпарвар намудани шаҳрвандони кишвар аст.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳимоятгар ва таъминсозандаи ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Мардони ҷасуру тавоно аз нафароне ҳастанд, ки бо садоқату хизматҳои беназирашон барои таҳкими сулҳу осоиштагии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва тартиботи ҷомеа соҳиби ихлоси ҳамагон мегарданд. Вазорати корҳои дохилӣ баҳри тарбияи кадрҳои баланихтисос, таъмин намудани мақомот бо кормандони ҷавону ояндадор ҳамасола вобаста ба замон шароитҳои нав ба навро муҳайё месозад.
Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ғамхориро дарк намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дониши худро такмил медиҳанд. ки саҳми омӯзгорони ин факултет дар тарбияи кадрҳо бағоят чашмрас аст.
Вазифаи устодони ин даргоҳ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ тарбия кардани шогирдон, ба роҳи рост ҳидоят намудан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро устувор нигоҳ доштан, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода тавонистан, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст доштан ва пайваста саъй кардану ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидан мебошад.
Аз ин рӯ, сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва сардори факултети №4, полковники милитсия Одиназода А.Ш. дар баробари дигар масъалаҳои баррасишаванда, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба курсантони ниёзманд ва бепарастор диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Санаи 24 декабри соли 2020 аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба курсантоне, ки ятими кулл ва фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми адои вазифа ҳалок гардидаанд, тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ супурда шуд.
Абулфазли Байҳақӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» сухани аҷибе дорад:» Нахустин сифати инсони хуб бояд он бошад, ки зоти хеш бидонист,чизҳоро дарёфт. Ҳар касе, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонад донист?..»
Ҳақ ба муаллифи ин суханон, ки ҳар як шахс аввалан падару модари хеш, авлоди хеш ва миллати хешро шиносаду қадр кунад, пас ӯ ба қадри дигарон низ мерасад. Бедил ҳам ба ин маънӣ, байти шевое дорад:
Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ,
Чӣ дар саҳро чӣ дар хилват, чӣ дар роҳ.
Мо бояд ҷавононро дар одоби ҳамида ва пеш аз ҳама шарму ҳаёро оини худ донистан тарбият намоем.
Шохолиқзода Шаҳбоз, сардори ваҳиди таълимӣ-низомии факултети №4, капитани милитсия.