Маъракаи ниҳолшинонӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ниҳолшинонӣ яке аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо дар бунёди боғу токзори наву, барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.
Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир беш аз пеш рӯй овардани мардум руҳи тозаи созандагиву ободонӣ дар қаламрави Тоҷикистонро афзунтар намуда, онҳоро пайи иҷрои амалҳои хайру созандагӣ раҳнамун сохта истодааст.
Ҳайати кормандони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тадбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони ороишӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи ин даргоҳи илму маърифат саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар доираи ин ҳайати шахсии факултети №4 Академияи ВКД бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва бо роҳбарии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар 0,10 га заминҳои бекорхобидаи факултет ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида, як боғи замонавӣ ташкил намуданд. Ҳадаф аз ин амали нек обод ва зебо гардонидани як гӯшаи диёр ба ҳисоб рафта, барои ояндагон муҳайё намудани шароити хуб ва муҳити софу беғубор мебошад.
Султонзода Беҳзод, муаллим-методисти калони қисми таълимии факултети №4, капитани милитсия