Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикӣ «Ҷустуҷӯ-2020» бо курсантони курси 5 факултети №6, Академияи ВКД

DSC00221

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли хониши 2020-2021 «Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва иҷро намудани талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, Фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 декабри соли 2020 «Дар бораи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5 факултетҳои №2 ва 5» имзо расид.
Дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ дарсҳои амалӣ вобаста ба истифодаи техникаҳои муосир дар самти криминалистика, ки дар он намояндагони Раёсати ташхисӣ- криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд, иштирок варзиданд.
Аз ҷониби сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ подполковники милитсия Арипов А. тарзи дуруст истифода намудани техникаи муосири криминалистӣ дар ҷойи ҳодиса мухтасар ба курсантон фаҳмонда дода шуд. Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ подполковники милитсия Ҳасанзода Н.Э. бо иштироки курсантон, тарзи дастгир намудани гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул буда, амалиёти дастгиркунӣ гузаронида шуда ба курсантон тарзи дуруст гузаронидани амалиёт ва чӣ гуна рафтор намудани кормандони оперативӣ дар вақти дастгиркунӣ бо тарзи назариявӣ фаҳмонида дода шуд.
DSC00237

DSC00395

Ҳамчунин барои дарёфт намудани моддаҳои тарканда, воситаҳои нашъадор ва дастгир намудани ҷинояткори яроқнок дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз се адад сагҳои хизматӣ амалиётҳо гузаронидани шуд, ки дар он сардори қисми махсуси таълимии Маркази кинологӣ капитани милитсия Қурбониён З. ба курсантон дарси назариявӣ гузаронид.
Аҳтамшозода С., Убайдуллозода Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...