Рафти забономӯзӣ дар Академияи ВКД
Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Эмомалӣ Раҳмон
Агар сесад забон донй, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд забун нест…
Дар ҳақиқат донистани забони ғайр ба кас имконият медиҳад, ки аз имконияту вазъият ва бурду бохт ва дигаргуниҳои олам огоҳ бошад. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад. Забондонӣ- ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт, инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи забономӯзии курсантони Академияи ВКД ҶТ ва тибқи талаботи Нақшаи тадбирҳои амалигардонии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалигардонии барномаи зикргардида тартиб дода шуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ чорабиниҳои мухталиф, аз қабили маҳфилҳо, викторинаҳо, дарсҳои кушод ва озмоишӣ, мизи мудаввар, семинару конференсияҳо, озмунҳо, баромад дар радиои Академияи ВКД бо забонҳои русӣ ва англисӣ, баромад дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. Инчунин дар байни курсҳои якуми факултетҳои Академия аз ёд кардани маводҳо(топикҳо) бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар мавзӯъҳои гуногун, дар як ҳафта аз бар намудани на кам аз 200 истилоҳи ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, аз ёд гуфтани ғазалҳои шоирони классику муосир, мутолиаи китобҳои тавсияшуда барои рухсатӣ (рӯзҳои якшанбе) ба роҳ монда шудааст.
Дарси кушоди идона бахшида ба Соли нави меллодӣ аз фанни забони англисӣ дар курси якум, гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Дарси забони англисӣ бо методҳои нави интерактивӣ ва маҳорати баланди забондонии курсантон бо иштироки омӯзгорони Академия писанди иштирокчиён гардид. Дар рафти дарс бозиҳои шавқовар аз қабили тезгӯякҳо, чистонҳо, калимаёбак, ҷумласозӣ бо забони англисӣ низ аз қобилият ва шавқи баланди курсантон дар самти аз худ кардани забони англисӣ шаҳодат медиҳад.
Зикр бояд намуд, ки чунин намуди чорабиниҳо дар самти забономӯзӣ, ки таҳти назорати махсуси сардори Академияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. қарор доранд, пайваста дар сатҳи баланд баргузор мегарданд.
Давлатшоева Азиза, Сафарова Саида