Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боз як хушхабари фаъолияти илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

003Таърихи 24-уми декабри соли 2020 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.06 назди Академияи идоракунии ВКД Россия адъюнкти Академияи мазкур, омӯзгори калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Мӯминов Улуғбек Каримович зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Стёпкин Евгений Юревич диссертатсия номзадии худро дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии мақоми шаҳрвандҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмин намудани он» (Конституционно-правовые основы статуса иностранных граждан в Республике Таджикистан и роль органов внутренних дел в его обеспечении) (ихтисосаш - 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи конститутсионии судӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ) ҳимоя намуд. 

Роҳбарият, ҳайати афсарон, профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати расидан ба чунин бурдбории илмӣ бо самимияти беандоза муборакбод гуфта,, ба устод У.К. Мӯминов бурдбориҳову пирӯзиҳои нав ба нав, пешрафт ва дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи худ комёбиҳои беназир таманно доранд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...