ҲИМОЯИ ТАДҚИҚОТИ ДИССЕРТАТСИОНИИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ
Яке аз самтҳои афзалиятноки Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пазируфта шудааст.
Ин самти фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмӣ-педагогӣ эътироф мегардад, ки ин раванд сол то сол бо муассисаҳои олии хориҷиву дохилӣ густариш пайдо намуда, барои пешрафти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ВКД мусоидат менамояд. Далели ин гуфтаҳо ҳимояҳои тадқиқоти диссертатсионии номзадии банақшагирифташудаи ҳайати профессорону омӯзгорони Академия мебошад.
Яке аз адъюнктони пешсафи шуъбаи адъюнктура – муаллими кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академия, подполковники милитсия Азимӣ Умеда Акбар ба ҳисоб меравад, ки мавсуф санаи 21 декабри соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Кадровое обеспечение органов внутренних дел Таджикистана: историко-правовой анализ” бо ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат бомуваффақият ҳимоя намуд.
Аз номи роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бомуваффақият ҳимоя намудани тадқиқоти диссертатсионӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ гардидан Азимӣ Умеда Акбарро муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро таманно намуданд.
Инчунин, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. аз номи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ раис ва аъзоёни Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои дастгирии ҳаматарафаи кормандони мо, изҳори миннатдорӣ намуда дар фаъолияти минбаъдаи эшон бурдбориҳоро таманно намуд.
Имрӯзҳо мо бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Азимӣ Умеда Акбар баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.
ШУЪБАИ АДЪЮНКТУРАИ
АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН