Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

Санаи 22 декабри соли 2020 муаллими калони кафедраи «Назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ»-и факултети № 1 Академия, подполковники милитсия Азимӣ Умеда Акбар тадқиқоти диссертатсиониро дар мавзӯи «Таъминоти кадрии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон: таҳлили таърихӣ-ҳуқуқӣ (Кадровое обеспечение органов внутренних дел Таджикистана: историко-правовой анализ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бомуваффақият ҳимоя намудани тадқиқоти диссертатсионӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ гардидан, Азимӣ Умеда Акбар-ро бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Шумо баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи адъюнктура

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...