Ҷараёни машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Дар баромадҳои мунтазами худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдониву садоқат ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар як корманди милитсия барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъият ва давлат нақши муҳим дорад. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзида дар соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ дар машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва машғулиятҳои оперативӣ-тактикӣ истифода намудани воситаҳои айёнӣ, таълимӣ – техникӣ, нақши муҳим дорад. Албатта барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд, сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноятсодиркарда ва ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд, пеш аз ҳама мутахассисони дониши баланди назариявӣ ва амалӣ дошта зарур аст.
Баҳри амалӣ гаштани гуфтаҳои зикргардида тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4 аз санаи 21 декабри соли 2020 бо курсантони курси 5 машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтишот ва фаъолияти маъмурӣ оғоз гардид. Дар раванди он санаи 23 декабри соли 2020 дар назди хатмкунандагон муовини сардори факултети №4 оид ба қисми таълим, полковники милитсия Мухаммадзода Н.Б., ёрдамчии сардори қисми навбатдории ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, майори милитсия Қобилов Ш.А., иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, полковники милитсия Мақсадзода О.И., дотсенти ҳамин кафедра полковники милитсия Муллобоев М.Р., сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, н.и.ҳ., майори милитсия Валиев Н.Д., сардори кафедраи ФОҶ МКД, подполковники милитсия Раҳимзода Ҷ.Қ., ва муаллими калони ҳамин кафедра подполковники милитсия Комилзода З., оид ба ҳодисаи куштори содиршуда бо силоҳи оташфишонӣ автомати «Калашников» ва туфангчаи «Макаров» ва дарёфти маводи мухаддир аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» нақл намуданд. Курсантони курси 5 сержанти хурди милитсия Маллаев А.Б., дар нақши муфаттиш, милитсияҳои қаторӣ Ниёзматов Т., ва Бадавлатзода Ш., дар нақши ваколатдори қисми кофтуковӣ, милитсияи қаторӣ Самадзода М.С., дар нақши нозири минтақавии милитсия, милитсияи қаторӣ Абдуллоев А.Б., дар нақши эксперти ШТК, баромад карданд. Баҳри ошкор намудани шахсияти гумонбаршуда ва ҷабрдида курсантони зикргардида бо риояи талаботи меъёрҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи ҳодисаро бо воситаи (лентаи) махсус иҳота намуданд. Нозири минтақавии милитсия милитсияи қаторӣ Самадзода М.С., ду нафар шахсони холисро даъват намуд, кормандони ҚКҶ бо ҷойи ҳодиса шиносоӣ пайдо намуда барои муайян кардани шахсияти гумонбаршуда ва ҷабрдида корҳои фавриро оғоз намуданд.
Муфаттиш, сержанти хурди милитсия Маллаев А.Б., ва эксперти ШТК милитсияи қаторӣ Абдуллоев А.Б., дар ҳузури шахсони холис ва дигар иштирокчиён азназаргузарониро оғоз намуда дар ҷараёни он аз ҷойи ҳодиса туфангчаи «Макаров», се адад гилза, як адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа», пайи пойафзол, хокаи сафеди буйи махсус доштаи ба «героин» монанд, доғҳои ҷигаррангӣ ба хун монанд ва аз дохили автомашина як адад автомати «Калашников» бо тирдон дарёфт намуда дар лифофа ва зарфҳои махсус махкам ва муҳрбандӣ намуданд. Бо чораҳои оперативӣ-ҷустуҷуйӣ андешидашуда шахсияти гумонбаршуда муайян ва дастгир карда шуд. Барои ба натиҷаи хуб ноил гардидан эксперти судии шӯъбачаи таҳқиқотҳои махсуси ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар виояти Суғд, капитани милитсия Алиев Ш.А. ва нозири МХК, лейтенанти калони милитсия Отабоев Ш., саҳми худро гузоштанд.
Баргузории машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар факултет идома дорад ва бо изҳори боварӣ изҳор кардан мумкин аст, ки таҷрибаи андӯхтаи курсантон дар доираи машқхои зикршуда минбаъд баҳри пешбурди фаъолияти худ дар амалия саҳми босазои хешро мегузорад.
Давлатова Ҷ.Н., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, сержанти хурди милитсия