Дарси хизматӣ оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., баҳри сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи «Фанҳои муҳандисӣ - техникӣ» - и Академияи ВКД ҶТ барои ҳайати доимии Академияи ВКД дарси хизматӣ дар мавзӯи «Сабабҳои норасоии қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар рафти дарс сабабҳои норасоии барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи сарфакоронаи он ба ҳайати доимӣ бо мисолҳои асосӣ ва бо истифодаи слайдҳо фаҳмонида дода шуд. Аз он ҷумла, ба афсарон миқдори сарфи неруи барқ дар мисоли телефони мобилиашон пешкаш карда шуд.
Убайдуллозода Ш., Сафарзода С.