Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин» дар МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД

602Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 ҷиҳати мутолиаи на камтар аз 5 китоб дар як сол, супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., №2\1-85 аз 1 марти соли 2020 ва Протоколи ҷаласаи селектори назди Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон, 21 январи соли 2020 доир ба баланд бардоштани донишу маърифат, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огаҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибат бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ баён гардидааст, санаи 1-уми декабри соли 2020 дар байни курсантон ва рекрутони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Китобхони беҳтарин» аз тарафи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур сардори шуъбаи таълим, майори милитсия Баҳодурзода Ю.Б., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, подполковники милитсия Кесамиров С.Н. ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти калони милитсия Марҷонаи А., иштирок намуда, ба рафти гузаронидани озмун ва иштироки баромадкунандагон назорати қатъӣ бурда оиди баромади онҳо баҳогузорӣ намуданд.
Дар озмуни «Китобхони беҳтарин» курсантон ва рекрутоне, ки на камтар аз 5 китоби илмиву бадеӣ мутолиа намудаанд, иштирок доштанд. Дар рафти гузаронидани озмун ба маҳорати баланди суханронӣ бо забони гӯёи адабии тоҷик ва маълумоти мухтасар оиди китоби мутолиа намудаи ҳар яки онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, аз тарафи роҳбари комиссияи мазкур ва аъзоён ба баромадкунандагон саволҳои мухталиф дар бораи китобҳои хондаи хеш пешниҳод гардид.
Хамин тавр дар ин озмун ҷойи аввал ба курсанти курси 3, Қодиров Самандар, ҷойи дуюм ба курсанти курси 4 Шарифзода Муҳаммад, ҷойи 3 ба рекрути курси 2, Халилзода Суҳайло дода шуд.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва инкишофи васеи зеҳнӣ ҳар яки моро мебояд, то бештар ба мутолиаи китоб машғул гардида, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешем.
Зеро ки маҳз китоб метавонад сарчашмаи ақли солим, зеҳни бурро ва ҷаҳони маънавии инсонро бойю рангин гардонад.

Сайфуллозода Ҷ.С., раиси Шӯрои кураторони Коллеҷи милитсия, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...