Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

605Бо мақсади амалӣ намудани талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ аз тарафи кафедраҳои тахассусии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо тартиб ва тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ва бомуваффақият гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ тартиб додани намунаи парвандаҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ, оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ ва маъмурӣ як қатор омӯзгорон ва кормандони факултет бо фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №786 аз 17 декабри соли 2020 вобаста ва сафарбар карда шуданд.

Рӯзи 21-уми декабри соли 2020 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои комплексии оперативӣ – тактикӣ оғоз гардид. Чи тавре, ки дар нақшаи мазкур омадааст, дар байни масъалаҳои асосӣ ин равнақ додани дониши назариявии курсантон, ки дар натиҷаи таҳсил дар Академия соҳиб гардидаанд ва малакаҳои амалии онҳо зимни мустақилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ дар вазифаҳои гуногун, ки зимни гузаронидани машқҳо аз тарафи онҳо ба иҷро расонида мешавад, мебошад. Гузашта аз ин сайқал додани сифатҳои курсантон ба монанди истеъдоди фикрронӣ, ташаббускорӣ ва омодагии онҳо барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳама гуна вазъият. Ҳамчунин дар ҷараёни машқҳои оперативӣ – тактикӣ масъалаҳои истфодаи комплексии қувва ва воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ошкор ва тафтишоти ҷиноятҳо, омӯзонида мешавад. Курсантон бояд малака ва маҳорати худро дар ошкор ва тафтишоти ҳар гуна ҷиноятҳо, сайқал диҳанд.
Инчунин тибқи нақшаи мазкур масъалаҳои ташкил ва фаъолияти ҷузъу томҳои муассисаҳои ислоҳотӣ, аз ҷумла пешгирии бетартибиҳои оммавӣ ва озод намудани гаравгонҳо, омӯзонида ва таври амалӣ нишон дода мешаванд. Ба ғайр аз ин аз рӯйи нақшаи машқҳои оперативӣ-тактикӣ гузаронидани амалиётҳо доир ба муайян ва дастгир намудани ҷинояткорони силоҳдор низ мавҷуд мебошад, ки дар ҷараёни машқҳо бо курсантон амалӣ карда мешавад.
Машқҳои оперативӣ-тактикӣ идома доранд.

Муҳаммадзода Н.Б., муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД оид ба қисми таълим, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...