Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти Академияи ВКД бо волидайни курсантони курси 2 ва 3 факултети №2

599

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа, роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19декабри соли равон бо волидайни курсантони курси 2 ва 3 факултети №2 Академия вохӯрӣ доир намуданд.
Нахуст маҷлиси умумии падару модаронро муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.З., кушода дар бораи ғамхориҳои Пешвои миллат, Вазири корҳои дохилӣ доир ба шароитҳои беҳтарини таҳсил дар Академияи ВКД суханронӣ намуд. Аз ҷумла, ибороз дошт, ки мақсади асосии ҷаласаи падару модарон ин дар амал тадбиқ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, мо бояд якҷоя сифати таълиму тарбияро бо курсантони Академия баланд бардорем. Дар ҳамин асос сардори факултети №2, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., дар бораи фаъолияти курсантон ба онҳо гузориши муфассал дод.
Дар чорабинии мазкур волидайни курсантони курси 2 ва курсантони курси 3, ки дар факултети №2 Академия бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, низомӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат менамоянд, бо Сипосномаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. сарфароз гардонида шуданд.

600601

Инчунин, рафтори баъзе аз курсантони курси 2 ва 3 факултети №2 Академия, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 барномаҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ аз худ накардаанд, дар иштироки волидайнашон мавриди муҳокима қарор додашуда, ба онҳо ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...