Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рафти дарсҳо дар курси такмили ихтисос

592

Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2020 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таҳқиқ ва тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои ҳатмии таълимӣ баргузор шуда истодааст. 

Дар навбати худ бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таҳқиқ ва тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимии факултети №6 гузаронида шуда истодаанд.

593594

Роҳбарияти Академия ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои навро роҳандозӣ менамоянд.

Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...