Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!

590

Бо мақсади таъмини иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-уми декабри соли 2019, ҷиҳати мутолиаи на кам аз панҷ китоб дар як сол, супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. таҳти №2/1-85 аз 1-уми марти соли 2019 ва ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилӣ аз 21-уми январи соли 2020 доир ба баланд бардоштани донишу маърифат, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибат бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар Академияи ВКД ҶТ «Нақшаи мутолиа ва хондани асарҳои бадеӣ, сиёсӣ, касбӣ, осору ашъори классикон ва муосир бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» тартиб дода шуда буд.
Ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД бо Низомномаи Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос гардиданд. Муқаррароти умумии тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди баррасӣ ва омӯзиши ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда қарор дода шуд.
Тибқи Нақшаи зикргардида дар баробари ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ (забони русӣ ва англисӣ), дар синфхонаҳои махсуси китобхонӣ ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ҳайати шахсии Академияи ВКД аз соати 14.00 то соати 16.00 ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул мебошанд. Дар байни ҳайати шахсии Академия Озмуни «Китобхони беҳтарин» дар ду давра (27.02 ва 28.10.2020) баргузор гардид.

591

Давраи ҷамъбастии Озмуни «Китобхони беҳтарин» дар таърихи 19-уми декабри соли 2020 баргузор гардид. Ҳакамони Озмун, иборат аз 5-нафар буданд, аз натиҷаи Озмун ба хулоса омада се нафар устодонро ба ҳайси ғолиби Озмуни «Китобхони беҳтарин» пешниҳод намуданд: Аҳёзода Шоҳрух - дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, майори милитсия, Амонуллои Ҳикматшо - муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, лейтинанти калони милитсия. Ғолибони Озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ҶТ бо «Ифтихорнома»-ҳо сарфароз гардиданд.

Давлатшоева А., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...