Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни қироати шеър дар факултети №4 Академияи ВКД

588

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи аввали соли таҳсили 2020-2021 вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маориф, андешаронӣ намуда, дар назди маорифчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва донишомӯзӣ вазифагузорӣ намуда баданд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Аз ин дасуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садорати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4-и он дар шаҳри Хуҷанд илҳоми тоза гирифта, дар таълиму тарбияи курсантон ҳамарӯза чораҳои мушаххас андешида истодаанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо мунтазам бо курсантон, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, инчунин дар замири курсантон бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва конкурсу озмунҳо гузаронида мешаванд.

Бинобар ин бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, шеърхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни курсантони факултет бо ташаббуси бевоситаи сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. дар моҳи декабри соли 2020 озмуни қироати шеърҳо аз ашъори Ниҳонӣ эълон ва дар ду давр амалӣ карда шуд. Дар даври аввал аз тарафи кураторон ва омӯзгорон дар гурӯҳҳои таълимӣ ташкил ва гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифанд.
Санаи 18 декабри соли 2020 даври ниҳоии озмуни қироати шеър аз ашъори Ниҳонӣ дар факултети №4 баргузор гардид, ки дар он 28 нафар ғолибони даври аввали озмун, курсантони курсҳои 1-5 факултет фаъолона иштирок намуданд. Ҳар як курсант бо омодагии хуб ба озмун ҳозир шуда, дар назди аъзоёни ҳакамон бо овози баланд ва ифоданок шеърҳои Ниҳониро қироат мекарданд, ки озмун ниҳоят шавқовар гузаронида шуд. Курсантон аз 10 то 23 шумора шеърҳо аз ёд карда буданд ва аъзоёни ҳакамон боварӣ ҳосил намуданд, ки аксари курсантон ниҳоят ба шеърхонӣ ва ба таври ифоданок қироат намудани шеърҳо, майлу рағбати зиёд доштаанд.
Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки аз тарафи ҳакамон ба курсантон иловатан саволҳо дода, дониш ва ҷаҳонбинии курсантон санҷида мешуд. Гузашта аз ин курсантон боз дигар ҳунарҳои худ, яъне истеъдоди ровигӣ, латифагӯӣ, тезгӯяк ва чистонгӯии худро муаррифӣ намуданд. Дар байни иштироккунандагони озмун, милитсияҳои қаторӣ Давлатова Ш., Саидов Ш., Абдуҷабборов М., Муминова Ш, Собирзода С., Гурези А., Сафаров С.,Ҳомидов А., Махсумов Ф., Мавлонов С., Ҳотамзода Ф., Саидзода Ф. ва Турдибекова Ж.-ро ҳамчун иштирокчиёни фаъол қайд кардан мумкин мебошад. Курсанти курси 4, милитсияи қаторӣ Саидов Ш. бошад аъзоёни ҳакамонро бо аз ёд донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрон намуд. Ӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сар то охир ба монанди шеър аз ёд намудааст, ки аз тарафи сардори факултет ба ӯ суханҳои беҳтарин гуфта шуд. Озмуни қироати шеърҳо аз ашъори Ниҳонӣ бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт.

589

Ҷойи аввал насиби курсанти курси чорум, милитсияи қаторӣ Давлатова Шавқия, ҷойи дуюм насиби курсанти курси якум, милитсияи қаторӣ Абдуҷабборов Меҳроҷ ва ҷойи сеюм насиби курсанти курси чорум, милитсияи қаторӣ Саидов Ширинбек, гардид.

Муҳаммадзода Н.Б., муовини сардори факултети № 4 оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...