Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мизҳои мудаввар дар Академияи ВКД

581

Рӯзи 18-уми декабри соли 2020 аз ҷониби Ҷамъиятҳои илмии курсантони “Наҷотдиҳандагон”-и кафедраи “Ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда” ва “Давлатшиноси ҷавон”-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои характери ифротиву террористӣ дошта» ва «Асосҳои ташаккулёбии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи мутамаддин» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар курсантон ва аъзоёни гурӯҳи ҷавонони “Авангард” иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро Ходими калони илмии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Асламов Бозоралӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки “Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст”.
Ҳамзамон Асламов Бозоралӣ иброз дошт, ки мутаассифона, имрӯзҳо низ бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо ба чунин амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусуматгароии мазҳабӣ пайравӣ намуда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша ба иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ майл мекунанд. Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки ҳарчанд вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, пешгирии онҳо имрӯзҳо ба вазифаи аввалиндараҷаи умумимиллӣ табдил ёфтааст.

582583

Баъди суханрониҳои Асламов Бозоралӣ баромади курсантон дар мавзӯъҳои вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шунида шуд.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин маҳфилҳо ба болоравии донишу маҳорат ва маърифати ҷавонон, аз он ҷумла курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Ҳабибзода Ҳакимҷон, омӯзгори Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...