Хатми шунавандагони курси такмили ихтисос
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ироа намудаанд: «Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд».
Санаи 17-уми декабри соли 2020 маросими супоридани шаҳодатнома ба шунавандагони курси такмили ихтисос дар самти нозирони хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ ҳайати кормандони ШВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Аз тарафи муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., 10 нафар шунавандагонро зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, назорати прокурорӣ, этика ва психологияи касбӣ ва барои гирифтани шаҳодатномаи курси такмили ихтисос табрик намуда, изҳор кард, ки дар оянда барои давлату миллати худ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ кору фаъолияти хешро давом диҳанд, чунки шиноснома яке аз ҳуҷҷати асосии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷавоб шунавандагони такмили ихтисос саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ ба Сарвари давлат ва халқу миллати худ хизмат намоянд.
Муҳиддинзода Х.Ғ., дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Хонкилдиев А.Б., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.