Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таълиму тарбияи курсантон, робита бо волидайни онҳо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи ВКД

573

Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа, эълон гаридани «Соли омӯзиши ФОҶ», роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2020 бо волидайни курсантони курси 4 ва 5-и факултети №2 Академияи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

574575

Дар чорабинии мазкур волидайни 28 нафар курсантони курси 4 ва 22 нафар курсантони курси 5, ки дар факултети №2 Академия бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, низомӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолона ширкат менамоянд, бо Сипосномаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, рафтори 20 нафар курсантони курси 4 ва 5 факултети №2 Академия, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 барномаҳои таълимиро дар сатҳи зарурӣ аз худ накардаанд, дар иштироки волидайнашон мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба онҳо ҷиҳати ислоҳ намудани камбудиҳояшон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

576

Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Соли омӯзиши ФОҶ» дар Академияи ВКД баргузор гардид.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...