Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

570

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Дониш аҳли маорифро водор намуда буданд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд.
Бояд қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои муҳиме, ки дар назди устодону омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ қарор дорад ин тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Барои ин бояд раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва самарабахш гардонидани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ вусъат бахшида шавад. Дар ин раванд эътибори ҷиддӣ на ба шумора, балки ба сифат бояд дода шавад.
Доир ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳти таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Мисоли ин дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4 он дар шаҳри Хуҷанд барои баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим, ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти донишгоҳ комиссияҳо, шӯроҳо ва судҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ин созмонҳои ҷамъиятӣ бевосита баҳри ба танзим даровардани фаъолияти пурсамари донишгоҳ, равона карда шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар факултети № 4 созмонҳои ҷамъиятии зерин таъсис дода шудааст:
- Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони давлатӣ»;
- Комиссия оид ба санҷиши лаёқатмандии касбӣ;
- Комиссия оид ба Кодекси одоби касбии кормандон;
- Комиссия оид ба риояи қонуният ва интизоми хизматӣ;
- Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;
- Комиссия оид ба манзил;
- Комиссия оид ба риояи тартиби пӯшидани либоси низомӣ;
- Комиссия оид ба риояи низоми махфият;
- Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;
- Комиссия оид ба корҳои пешгирии зидди сӯхтор;
- Комиссия оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳайати шахсӣ;
- Комиссия оид ба зимистонгузаронӣ;
- Комиссия оид ба шиносоӣ бо шароит ва манзили зисти курсантон;
- Комиссия оид ба арзу шикояти шаҳрвандон;
- Шӯрои занони факултет;
- Шӯрои роҳнамоён;
- Шӯрои собиқадорон;
- Шӯрои кураторони гурӯҳҳои таълимӣ;
- Шӯрои китобхона;
- Суди шарафи ҳайати сарафсарони роҳбарикунанда;
- Суди шарафи ҳайати миёнаи роҳбарикунанда;
- Суди шарафи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда.

571

Раис ва аъзоёни созмонҳои ҷамъиятии номбурда ҳамасола бо фармони сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар тӯли фаъолияти худ аз тарафи онҳо оид ба корҳои иҷрогардида дар як сол ду маротиба, ҳисобот пешниҳод карда мешавад.
Санаи 17 декабри соли 2020 дар факултети №4 ҳисоботи созмонҳои ҷамъиятӣ шунида шуд ва дар маҷмӯъ фаъолияти онҳо қаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Ҳар як раисони созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳисоботҳои худ бурду бохти фаъолияти худ ва аъзоёни созмонро ба таври мухтасар баён карда, баҳри пешрафти кор дар ин самт дархост ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Албатта камбудӣ ва норасоиҳои мавҷуд буда ислоҳшаванда мебошад, ки дар соли минбаъда баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти ин созмонҳои ҷамъиятӣ, ба инобат гирифта мешаванд.

Муҳаммадзода Н.Б., муовини сардори факултети № 4 оид ба қисми таълим, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...