Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ислоҳоти милитсия - омили рушду пешравӣ

568

Дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020», «Барномаи ислоҳоти рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» ва дар пешбурди яке аз самтҳои ин барнома, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳру вилоятҳо доир ба ташкил кардани машварат-семинарҳои илмӣ-назариявӣ ҷойгоҳи махсусеро ишғол менамояд. 

Санаи 16-уми декабри соли 2020 аз ҷониби кафедраи «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ»-и факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ва дастовардҳои он» ташкил ва гузаронида шуд.
Семинари илмӣ-назариявӣ бо суханони ифтитоҳии муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б. кушода эълон гардида, баъдан сардори кафедра, н.и.ҳ., майори милитсия Вализода Н.Д. бо маъруза дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгорони кафедраи мазкур, подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А. дар мавзӯи «Ҳадаф ва вазифаҳои ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Д.А. дар мавзӯи «Милитсия ва мавқеи он дар ҷомеа» баромад намуданд.
Дар чорабини мазкур аъзоёни ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳомии тартибот» низ иштироки фаъолона доштанд.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорон оид ба мавзӯъҳои дар боло зикршуда аз раванди ислоҳоти милитсия ва дастоварҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд. Дар ҳамин асно, аз ҷониби курсантон ва афсарон як қатор саволҳо пешниҳод гардид, ки маърӯзачиён ба онҳо посухҳои мушаххаси худро вобаста ба ҳадафҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия» ҷавоб гардониданд.

569

Курсантону афсарон ҳавасмандии хешро аз иштирок дар чунин семинари илмӣ–назариявие, ки баргузор гардид, ибрози ақида намуданд. Дар охири семинари илмӣ-назариявӣ муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б. ба ҳамаи иштирокчиён барои боз ҳам хубтару беҳтар огаҳӣ ёфтан аз раванд ва дастовардҳои ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯ ба омӯзишу аз худ намудани мақолаҳои илмӣ ва бахусус дастури методи тозанашре, ки бо номи «Роҳнамо оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ин самт ба чоп расидааст, тавсияҳо доданд.

Асадхони Аҳадхон, сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...