Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми шунавандагони курси такмили ихтисос

564

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз барои омода намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ мекунад.

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 16 декабри соли 2020 бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи таълимӣ-мавзӯӣ тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии кормандони ҷавони муассисаҳои олии касбии ВКД Федератсияи Россияро хатм намуда, дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар заминаи факултети №6 ва факултети №3 Академия курси такмили ихтисосро хатм намуданд. Бояд қайд кард, ки тибқи нақша барои гузаронидани курси мазкур шахсони ботаҷрибаи раёсатҳои РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РАД, СМИТ-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академия, инчунин олимони унвонҳои илми дошта ҷалб гардидаанд, ки далели ҳамоҳангии фаъолият дар раванди омодасозии кадрҳо мебошад.

565

Баъди хатми курси мазкур бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №779 аз 15.12.2020 аз тарафи муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., ва сардори факултети №3 н.и.ҳ., майори милитсия Амрудинзода М.А. ба шунавандагони сертификатҳо дода шуданд.

Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...