Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиши кинофилмҳои моҳияти оперативӣ дошта ба курсантони курси якуми факултети № 4

558

Баҳри иҷроиши банди 14 нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли таҳсили 2020-2021 « Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати тақвият додани корҳо дар самти омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултети №4 аз санаи 27.11.2020 то санаи 14.12.2020 сол дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, навори махсуси аз ҷониби маркази матбуоти РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо номи «Гумроҳшудагон» омода карда шуда, барои тамошои филми мустанад ба курсантони курси 1-уми факултети №4 Академияи номбурда пешкаш гардонида шуд.

559

Ҳамчунин доир ба навори пешниҳодгардида аз ҷониби муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ МКД майори милитсия Ибрагимзода Ҷ.И., дар мавзӯи «Асос ва усулҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ дошта» баромад намуда, мухтасар доир ба масъалаи терроризм ва экстремизм ва роҳҳои мубориза бо ин намуд ҷиноятҳо, фаҳмонида шуд.
Ҳамин тавр, дар факултети № 4 таҳти роҳбарии сардори факултети № 4, полковники милитсия Одиназода А.Ш. баҳри амалӣ намудани нақша чорабиниҳо ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чораҳои мушаххас андишида шуда истодааст.

Муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 ,
майори милитсия Ибрагимзода Ҷ.И.

Сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4,
лейтенанти калони милитсия Раҳимов А.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...