Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАТИҶАҲОИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶУӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ № 4

556

Ташкили озмунҳои гуногуни илмӣ-маърифатӣ байни курсантони Академияи ВКД яке аз методҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад, ки метавонад барои сайқал намудани дониши амалӣ - назариявии курсантон таъсири мусбӣ гузорад.
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» соли таҳсили 2020-2021 ҳамчун « Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» эълон гадидааст.
Бинобар ин вобаста ба ин масъала дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар факултети № 4 дар шаҳри Хуҷанд будаи он доир ба амалӣ намудани омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нақша чорабиниҳо омода намуда, тибқи он ҳамаруза иҷрои нақшаи мазкур ба роҳ монда шуда истодааст.

Баҳри иҷроиши банди 2 нақшаи чорабиниҳо вобаста ба эълон гардидани соли таҳсили 2020-2021 « Соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаҳои 15-16 декабри соли 2020 даври якуми озмуни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ, барои муайян намудани курсантони беҳтарин дар ин самт, ташкил ва гузаронида шуд.
Тибқи Низомномаи озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти
оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмун дар ду марҳила гузаронида холҳои ҳар ду марҳила дар якҷоягӣ ҷамъбаст карда мешаванд.
- муайян намудани сатҳи дониши назариявии оперативӣ ба таври пешниҳоди саволномаҳои тестӣ;
- муайян намудани сатҳи дониши назариявии оперативӣ ва ҷаҳонбинию тафаккури курсантон ба таври шифоҳӣ;
Бояд қайд намуд, ки баъди даври ибтидоӣ, ки ҳамаи курсантони курсҳои чорум ва панҷум ва хоҳишмандон аз дигар курсҳо, ҷалб карда шуда, 63 нафари онҳо ба даври аввал роҳхат гирифта буданд.

557

Даври аввали озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт:
Дар курси чорум: милитсияҳои қаторӣ Ҳасанова Ёдгора, Саидов Ширинбек ва Рузибоев Шоҳрух дониши хуб нишон дода, лоиқи курсантони беҳтарин гардиданд.
Дар курси панҷум бошад, милитсияҳои қаторӣ Маллаев Абубакр, Нуруллоев Муродилло ва Валиев Фаррух дар озмун ҷойҳои намоёнро ишғол намуда онҳо низ лоиқи курсантони беҳтарин гардиданд.
Чорабиниҳо дар ин самт идома доранд…

Муаллими калони кафедраи
ФОҶ МКД факултети № 4,
подполковники милитсия Комилзода З.К.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...