Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб - дӯсти беҳтарини инсон

552

Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби хондани китоб миёни ҳайати кормандон, омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Фармоиши Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №205 аз 20 марти соли 2020 «Оид ба эълон намудани рӯзи хондани китоб дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи гузаронидани китобхонӣ омода карда шуда аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б., тасдиқ карда шудааст.

Аз тарафи сардорони воҳиди таълимӣ – низомӣ ба синфхонаҳо китобҳои бадеӣ таъмин карда шуда, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ҳамарӯза тибқи нақшаи тасдиқгардида китобхонӣ гузаронида истодаанд. Аз тарафи куратори курси 2-юм гурӯҳи 204 лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М. ҳар ҳафта рӯзи сешанбе чунин китобҳо бо курсантон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар моҳи сентябр китоби Б.Ғафуров «Тоҷикон», моҳи октябр китобҳои С.Айнӣ «Мактаби кӯҳна», «Одина», «Дохунда» ва «Марди судхӯр», моҳи ноябр «Гулистон» ва «Бӯстон»-и С.Шерозӣ, моҳи декабр П.Толис «Тобистон» ва «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ.
Дар раванди китобхонӣ ҳар як курсант фаъолона ширкат варзид.

Амонзода М., курсанти курси 2-юми факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...