Викторина бахшида ба Соли омӯзиши ФОҶ дар Академияи ВКД дар мавзӯи «Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет) ба мафкураи ҷавонон»
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ барои ҳар як кишвар вазифаи муҳим мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳошияи эълони Соли омӯзиши ФОҶ дар Академияи ВКД, барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон аз ҷониби сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ватаъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, полковники милитсия Тоҷиддинзода Наҷмиддини Тоҷиддин ва муаллимони кафедраи мазкур подполковники милитсия, Ёрзода Назрихоҷа Ҳабибулло, капитани милитсия, Вализода Сафархон Амирхон ва Сафарализода Шералӣ Сафаралӣ бо курсантон-аъзоёни ҷамъияти илмии «Қонун ва низом» дар мавзӯи “Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон” “викторина”, гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин як чорабинӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ доимӣ ба нақша гирифта шуда мавриди иҷроиш қарор дорад. Зеро, ин имконият медиҳад, ки савияи дониши назариявӣ ва малакаи касбии курсантонро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, баланд бардошта ҳамеша баҳри сулҳу субботи кишвар, хизмат намоянд.
Сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, полковники милитсия Тоҷиддинзода Наҷмиддини Тоҷиддин дар мавзӯи "Хавфу хатари ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар замони муосир" баромад намуд. Дотсенти кафедра, подполковники милитсия, Ёрзода Назрихоҷа Ҳабибулло дар мавзӯи «Гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ» баромад намуд. Курсанти курси сеюми Факултети №6 Раҳимов Меҳроҷ “дар мавзӯи “Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон” баромад намуд.Курсанти курси дуюми Факултети №6 Мирмаҳмедов Табрез Абдуллоевич дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср”маърӯза намуд.
Сипас курсантон атрофи мавзӯъ ба саволу ҷавоб гузаштанд. Давоми викторина, курсантдухтарони гуруҳи 314 Расулова Таманно ва Шукронаи Ҳабибуллозода аз гурухи таълимии 313 Разоқова Санавбар фаъолияти баланд нишон доданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр