Иштироки курсантон ва омӯзгорони Академияи ВКД дар «Намоишгоҳ ва ҳамоиши имкониятҳои сайёҳӣ бо мақсади рушди бозори сайёҳии кишвар»
Санаи 9-уми декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Намоишгоҳ ва ҳамоиши имкониятҳои сайёҳӣ бо мақсади рушди бозори сайёҳии кишвар» баргузор гардид, ки дар кори он аз Академияи ВКД ходими калони илмии ШТИ ва ТН полковники милитсия Асламов Б.С. ва курсанти курс 3-юми факулети №2 Умаров С. ширкат намуданд.
Дар Намоишгоҳ ва ҳамоиши мазкур суханронии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин ва Раиси Федератсияи Иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода М.М. оид ба рушди сайёҳӣ дар асоси ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2018-2020 шунида шуда, баъдан мубодилаи афкори озоди иштирокчиён оиди рушди сайёҳӣ баргузор гардид.
Ду пешниҳод аз Академияи ВКД дар бораи таъсиси телевизиони рақамии «Сайёҳии Тоҷикистон», «Илм ва табиат» ва таъсиси семинари Академияи ВАО Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ оид ба тарғиби сайёҳӣ пазируфта шуданд.
Дар қисмати дуюми Намоишгоҳ ва ҳамоиши мазкур ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии мақолаҳои беҳтарин бахшида ба солҳои рушди сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он курсанти курси 3-юми факултеи №2 Умаров С. бо мақолаи «Саразми бостонӣ - маркази бузурги сайёҳӣ» таҳти роҳбарии илмии омӯзгори калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ- техникӣ подполковники милитсия Рустамова З. ва таҳрири ходими калони илмии ШТИ ва ТН полковники милитсия Асламов Б.С. ғолиби ҷои дуюм дар байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ гардида, бо Дипломи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаи хотиравӣ - планшет мушарраф гарид.
Роҳбарияти Академия курсанти курс 3-юми факултеи №2 Умаров С.-ро бо ин дастоварди нави илмӣ табрику таҳният гуфта ба ӯ комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ орзуманд аст.
Шуъбаи ташкили-илмӣ ва табъу нашр