Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба рӯзи «Ҳуқуқи инсон» дар мавзӯи «Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои он»

513

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2020 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба рӯзи 72 солагии «Ҳуқуқи инсон» дар мавзӯи «Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои он» мизи мудаввар аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ, ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳии сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш., оғоз намуда, аҳамияти ҳуқуқи инсонро дар ҷомеа баён намуд.

514

Сипас сардори кафедра. н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. дар мавзуи «Озоди ҳамчун сарчашмаи муносибати ҳуқуқӣ» баромад намуд.
Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет доир карда шуд.
Дар хотима, мизи муддаварро сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш. ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.

Муқимзода М.М., муаллими калони кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...