Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани дарси озмоишӣ аз ҷониби омӯзгори ҷавон

511

Санаи 9-уми декабри соли 2020 дар толори “Маркази тестӣ”-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳирҷон дар гурӯҳи таълимии 206-и факултети №2, аз фанни консепсияҳои табиатшиносии муосир, дар мавзӯи “Сайёраҳои системаи офтобӣ” дарси озмоишӣ гузаронида шуд.
Дар дарси озмоишӣ муовини сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Саидзода С.С., сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода М., сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия Сатторзода А.С., сардори “Маркази тестӣ”, подполковники милитсия Шокирзода Т., ва омӯзгорони ҷавони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, иштирок доштанд.
Нахуст, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., якчанд мисраҳои шеърии пандноки бузургони гузаштаи миллати тоҷик, ки таблиғгари илму ирфон буд, қироат намуда, ба курсантон тавсия намуд, ки доимо дар ҷустуҷӯи илму дониш бошанд, то ки мутахасиси арзанда ва сазовор шуда, ба халқу Ватани хеш содиқонаву софдилона хизмат намоянд. Баъдан омӯзгор дарсро бо як маҳорати баланди касбии педагогӣ идома дода, аз техникаи таълим ба таври васеъ истифода бурд. Омӯзгор дар рафти дарс боҷуръатона сухан меронд ва аз маводҳои лексионии омодагардида истифода намебурд. Барои зинда гардонидани шавқи курсантон ба дарс, омӯзгор мисолҳои аҷоибро меовард, ки ин албата аз маҳорати баланди касбии омӯзгор шаҳодат медиҳад.

512

Дар умум аз ҷониби шахсони назоратчӣ маҳорати баланди педагогии Ҳабибзода Ҳ.Т., баҳои сазовор гирифт. Назоратчиён омӯзгорро барои таъин намудан ба як зина вазифаи боло тавсия доданд. Дар ҷамъбасти дарси озмоишӣ аз тарафи роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия ВКД барои боз ҳам сайқал додани маҳорату малакаи педагогии омӯзгорони ҷавон фикру андешаҳо нисбат ба пурзӯр ва мустаҳкам намудани раванди таълим баён гардид.
Нуруллозода Меҳрулло, сардори факултети №5, Академияи ВКД, майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...