Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон

505

Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ фарогир аст, дар ҷараёни корҳои таълимию тарбиявӣ Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина татбиқи амалии хешро дармеёбад.

Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳими самти таълиму тарбия дар факултетҳои №1 ва 2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои судбахш барои баланд бардоштани дониш ва малакаи касбии курсантон ва шунавандагон, роҳандозӣ мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои худ, мунтазам қайд менамоянд, ки «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар амал пиёда намудани супориш ва пешниҳодҳои аз Паём омада, маҷмӯи нақшаи чорабиниҳои мушахассро тартиб дода, корро дар самти татбиқи амру фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовараҳои ВКД ва Академияи ВКД оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, равнақ додани сифати тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо як сарбаландӣ пеш бурда истодаанд.
Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва нақшаи шуъбаи таълимии Академия, санаи 8-уми декабри соли равон, бо ташаббуси факултетҳои №1, №2 ва №6 вохӯрии курсантони курси чоруми Академия бо роҳбарони шӯъбаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар курсҳои роҳбарикунанда факултети №1 дар таҳсил мебошанд, доир гардид.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ сардори шуъбаи таълими Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Пулод Насуриён, оғоз намуда, иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки чунин вохӯриҳо ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

506

Сипас суханро ба шунавандагони соли дуюми факултети № 1 дода шуд. Дар рафти вохури қайд намуданд, ки дар ҷаҳони муосир ру овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Мо ба ҷавонони бонангу номуси тоҷик бахусус курсантони Академияи ВКД ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи падарон бобоён ва гузаштагони худ ҳастанд. Инчунин ӯ ба курсантони соли аввал дар хусуси меҳнати пурмашаққати кормандони милитсияи тоҷик дар солҳои аввали барқароршавии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон изҳори андеша намуд.
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обухоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯри сардори шуъбаи таълими Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Пулод Насуриён изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯри ба ҳамагон аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд. Ташкили чунин вохӯриҳо бо курсантон ба ташаккули ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати онҳо ба Ватан мусоидат менамояд.
Файзалӣ Қосимов, Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...