Милитсия ин халқ аст ва халқ ин милитсия!
Бо чунин ном дар доираи барномаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» бахшида ба 11-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» санаи 3-юми декабри соли 2020 вохӯрии сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо аҳли зиё ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни дигар макотиби олӣ иштирок доштанд.
Чорабиниро полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, якояки иштирокчиёнро ба муносибати 11-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» табрик намуд.
Баъдан дар давоми чорабинӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт баромад намуда, аз ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ВКД изҳори қаноатмандӣ кард. Аз ҷумла, қайд кард, ки таъмини сулҳу субот дар кишвар на танҳо вазифаи як ниҳод, яъне Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, балки тамоми қишрҳои ҷомеа, дар умум тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бояд барои нигоҳдошти оромии кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Сипас сухан ба муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ дода шуд. Номбурда қайд кард, ки иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ бо роҳи мусоидат кардан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ташвиқоти донишҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар оромиву осоиштагии ҷомеа бетараф набошанд ва дар ҳифзи Ватан-Модар бо азму иродаи қавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Нуруллозода Меҳрулло, сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.