Вохӯрии шунавандагони факултети №1 бо курсантони Академияи ВКД
Санаи 7 декабри соли равон дар Академияи ВКД вохӯрии шунавандагони факултети №1 бо курсантони курси якуми факултети №2 Академия ташкил карда шуд. Дар баробари таҳсил сардорони ШВКД-ҳо бо мусоидати роҳбарияти Академия ба чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ҷалб карда мешаванд. Дар вохӯрӣ роҳбарияти Академия, сардори факултети №2, сардори шуъбаи таълим ва сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд. Роҳбарони МКД дар вохӯрӣ бо курсантон иброз намуданд, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ва Вазири корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои корӣ муҳайё карда шудааст, аз Шумо курсантон танҳо талаб карда мешавад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои хизмати содиқона ва беғаразона баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза зидди ҷинояткорӣ худро аз лиҳози ҷисмонӣ ва маънавӣ омода намоед.
Омȳзгорони Академияи ВКД барои ин бо Шумо машғулиятҳо мегузаронанд, ки он аз аҳамияти назариявӣ ва амалӣ холӣ нест.
Дар фарҷом курсантони Академияи ВКД иброз намуданд, ки аз вохӯрии мазкур таассуроти баланд бардошта, дараҷаи маърифатнокии худро оиди фаъолияти милитсия дар ҷомеа такмил доданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.