Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи соҳибихтиёрии давлатӣ

450«Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ваҳдати миллӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам – яке аз рамзҳои асосии давлатдорист. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бошад, парчам нишонаи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳама парчамҳои миллӣ баҳри баёни худшиносии миллӣ ва идеали миллӣ хизмат мекунанд.
Пайдоиши аввалин парчамҳо аз парчамҳои баҳрӣ сарчашма мегирад. Дар баҳр барои шинохтани киштиҳои баҳрӣ нишоне лозим буд, ки бояд онҳоро аз дигар давлатҳо фарқ кунад ва ҳангоми убур кардани сарҳади давлатӣ ё наздик шудан ба сарҳад бояд иҷозаи ворид шуданро мегирифтанд. Ҳамин тавр барои аз дур намоён шуданашон онҳо парчамро ихтироъ карданд.
Парчами ҳар як давлат нишони ба худ хосе дошт, ки онҳоро аз якдигар фарқ карда мешуд. Аз баъзе шаклҳои гуногун бо рангҳои гуногун дошт, аз баъзе бо бандҳои махсус гулкорӣ карда шуда буд, ки киштиҳои баҳриро аз ҳам ҷудо мекарданд.
Парчам аз калимаи юнонии «flego» гирифта шуда, маънои равшан кардан, фурӯзон карданро дорад.
Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур мебояд, ки соҳиби муқаддасоти миллии худ бошад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.
Дар забони тоҷики мафҳумҳои «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадааст.
Парчам вожае суғдӣ («parcam») аст ба маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд».
Дирафш дар порсии миёна «drafs» гуфта мешу два бозмонда аз эронии бостони «drafsa» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsa» буд. Кӯҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Бархе аз пажуҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Дирафш аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи муқаддаси халқи тоҷик будааст ва ба хотири ҳифзаш фарзандони баору номуси миллати тоҷик ҷонсупориҳо кардаанд.
5 декабри соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС шомил шуд ва моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли 1953 ба он ҳафт маротиба тахрир ворид карда шуд аз ин баъд то соли 1991 бе тахрир арзи вуҷуд кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият дар СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳури таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд.
То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмӯн эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмӯн зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус бо роҳбарии Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарори қарор медод.
Ҳамаи барандагони озмӯни беҳтарин парчами миллӣ матои серанга сурх, сафед, сабзро пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.
Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев м. пешниҳод шуда буд, ба анҷом расонид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин рамзи давлатдорӣ парчамро 24 – уми ноябри соли 1992 қабул ва тасдиқ кардааст.
Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тули зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлоияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад.
Солҳои пешин ҳангоми қабули парчам онҳо танҳо рамзи фарқкунандаи давлатиро, ки як давлатро аз дигараш фарқ мекард иҷро менамуд. Дар ҳоли ҳозир бошад парчам Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии мустақил байни зиёда аз 200 давлати руйи ҷаҳон фарқ менамояд
Парчам дар як шакли матои росткунҷа, ки дар руйи он се рахи рангаш ба таври уфуқи ҷойгирифташуда кашида шудааст ва байни рахи сафед тоҷ ва нимдавраи ситорадор ҷойгир аст.
Ранги сурх – нишонаи муборизаҳои халқи тоҷик баҳри ободи ва сулҳу суботи давлату миллат.
Ранги сафед – нишонаи саоадтманди ва хушбахтии халқи тоҷик аст.
Ранги сабз – маънои табиати зебои тоҷикистон аст, ки пур аз сарсабзи, баҳорони шукӯфон, хуррамиву сарбаландии куҳсори сабзазордор ва абадияти мулки тоҷикон мебошад.
Дар муносибатҳои байналмиллалӣ якчанд намуд принсипҳо вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо соҳибихтиёрии давлат ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ мебошад. Ин принсипҳое, ки номбар кардем ба худ як мавзуи хосе доранд, мисол дар принсипи соҳибихтиёрии давлат парчам яке аз нақшҳои муҳимро мебозад, ки бо доштани ин нишон давлатро соҳибихтиёр эътироф мекунанд, дар принсипи дахлнопазирии давлати ҳар як сарҳади ҷудокардашуда бояд нишони худро дошта бошад, ки ин бевосита парчам ба ҳисоб меравад ва агар гузошта шуда набошад дигар давлатҳо бе иҷозат ин хатро убур мекунанд.
Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои расмии фарҳангӣ, варзишӣ дар муносибатҳои байналмиллаливу дохилӣ мавқеъ вав нақши хосаро дорост. Бинобар ин Парчам суннати асосии давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз воқеан барои мо боиси ифтихор аст, ки давлати мо соҳиби муқаддасоти ба худ хос, аз ҷумла парчам мебошад. Моро мебояд барои ҳимояи давлату миллат ва муқаддасоти он тамоми саъю кушишҳоро ба харҷ диҳем ва барои доимо равшану фурӯзон будани ин дастоварди воло ҳушёриву зиракии худро аз даст надиҳем.
Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имруз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хосса мебошад.
Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буда, ҳаст ва дар оянда хоҳад монд. Бигузор ҳамеша дар кишвари мо тинҷиву ороми пойдор ва парчамаш дар фазои беғубори Тоҷикистон партавафшон бошад.
Маҳинаи Н., муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...