Душанберо ба шаҳри сабз табдил медиҳем
Дар асоси иқдоми Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Академияи ВКД бо супориши бевоситаи сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ ташкил ва гузаронида шуда, теъдоди зиёди ниҳолҳои ороишӣ ва хамешасабз дар гирду атрофи Академия шинонида шуда, як қатор корҳои дигари ободонӣ низ гузаронида шуд.
Ба маъракаи муҳими ҷамъиятӣ шахсан роҳбарияти Академия роҳбарӣ намуда, оиди сарзабзу хуррамгардонии Академия тавсияҳои муфид дода, даъват намуданд, ки ин иқдом дар дигар гӯшаю канори пойтахт бо иштироки ҳайати шахсӣ ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.