Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон бояд хештаншиносу инсондӯст бошанд

497Ҷавонӣ давраи пурҳассоси умри инсон буда, маҳз дар ин айём инсоният роҳи ояндаи худро месозад. Ин давраро метавон давраи орзуҳо ва кӯшиш баҳри амалҳо номид. Волидон низ ба умеди дурустии интихоби роҳ ба фарзандон ҳаёти мустақилонаро пешниҳод мекунанд. Дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ ва таҳсил намудан дар онҳо худ имтиҳонест дар зиндагии ҳар як инсон, ки пастиву баландиҳои зиёдро пушти сар карда, сабру таҳаммулро дар вуҷуди худ парвариш мекунад. Фарзанди баору номус ва донишманду закӣ некро аз бад, сиёҳро аз сафед ва нафсро аз зарурат ҷудо карда метавонад, аммо вой бар ҳоли ҷавонони фиребхӯрдаву дунёбехабар, ки ҷилави ихтиёрро бар дасти нафсу эҳсос дода, иродаву ихтиёрро аз даст медиҳанд.
Асри 21 дар баробари муваффақиятҳо, ҳамчунин бо зуҳуротҳои номатлубе дар таърих боқӣ хоҳад монд. Як зумра омилҳои ғайриматлуб ба монанди нашъамандӣ, бемориҳои марговари сироятӣ, терроризму экстремизм зуҳуроти маҳз ҳамин асранд, ки инсониятро аз ҳар ҷониб таҳдид мекунанд. Дар баробари зарари бевосита расонидан ба ҷисму ҷони инсоният, ҳамчунин, ба фарҳанг, тамаддун, дину мазҳаб ва урфу одати оламиён рахна зада, муносибати душманонаро миёни насли одамӣ ба вуҷуд овардаанд. Аз ҳама зуҳуроти ғайриинсонии аср ин терроризм аст, ки ҷони чандин ҳазор ҷавонро бурдааст. Ба касеву чизе раҳм накарда, зери пардаи динҳои муқаддас амалҳои ваҳшиёнаро анҷом додааст.
Дар боло зикр намудем, ки ҷавонӣ давраи тақдирсоз аст, аммо терроризм боиси он гардид, ки баъзе ҷавонон тақдири худро бисӯзанд. Гурӯҳ-гурӯҳ ҷавононе, ки дар айёми шукуфоӣ қарор доштанд, гирифтори найранги гурӯҳҳои террористӣ шуда, ҷони худ ва дигаронро зери хатар монданд. Ҷавононе, ки фирефтаи нафси шайтонӣ буданд, баҳонаҳо пеш меоварданд, ки эҳтиёҷ ба маблағ доштанд, аммо ин дар ҳолест, ки бо роҳи ҳалол ва амалҳои шоиста мешавад, ки фоидаи молӣ ва ҳам оромии доимӣ ба даст биёварем. Агар гӯем, ки ин ҷавонон ҳама бесавод буданд, ғалат хоҳад буд, зеро таҳлилҳо нишон дод, ки қисме ҳамроҳшудагон ба гурӯҳҳои номатлуб ҷавонони соҳибилм буданд, ки фирефтаи бадхоҳони дӯстнамои душмансират гардиданд. Ин далолат аз он медиҳад, ки манфиатбардорони гурӯҳҳои террористӣ натанҳо силоҳонида шудаанд, балки ҷиҳати равонӣ ҷавононро омӯхта, нозукии хислати онҳоро ба хубӣ аз бар кардаанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин донистаҳои худ бисёр босамар истифода мекарданд.
Терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад, - гуфтааст Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан дуруст аст. Агар ин тоифа ақаллан қавме мебуданд, дилашон ба модару падари худ месӯхт, аммо сатҳи бераҳмиву беақлии террористон то ҳадде расид, ки модарони худро сӯзондаву зиндабагӯр карданд.
Таърих инсониятро борҳо санҷидаву имтиҳон кардааст, то насли одамӣ пухтатар гардад. Зуҳуроти номатлуби аср - терроризм инсониятро водор кард, ки хештаншинос бошанду инсондӯст, ба арзишҳои инсонӣ ва миллӣ арҷ гузоранд, то дар гирдоби зиндагӣ мубориза бурда тавонанд.
Рухшона Гулбоева, омӯзгори МТМУ №101-и шаҳри Душанбе

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...