Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САҲМИ КУРСАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ № 4 ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ ХУҶАНД

496

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи кишвар дар ободониву созандагӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Зеро Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, қайд карда буданд, ки: “Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кушиш намояд.”

Бояд тазаккур дод, ки сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар ҷавонон, наврасон ва донишҷӯён ҷонибдорӣ намуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ободонӣ фаъол гардида истодаанд. Гузашта аз ин дар муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи устодон ва омӯзгорон ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети № 4 он дар шаҳри Хуҷанд низ тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Академияи ВКД ба масъалаи тарбияи кадрҳои баладихтисос, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, дар доираи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ, ҳамарӯза кушиш ба харҷ дода, курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия менамояд.
Бинобар ин имрӯз, санаи 05 декабри соли 2020 бо ташаббуси сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., барои тозаву озода ва ободу зебо гардонидани як минтақаи шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ташкил карда шуд. Зимни он кормандон ва курсантони факултет дар кӯчаи «Сирдаринский»-и шаҳри Хуҷанд, аз гардишгоҳи «Ракета» тавассути соҳили дарёи Сир то кӯпруки «Юбилейный» кӯчаву хиёбонҳо ва назди биноҳо аз партовҳо тоза намуда, дарахтонро ба тартиб оварданд, ки ин минтақи шаҳр намуди тоза ва сафои нав пайдо кард.

495494

Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд.

Сардори воҳиди таълимӣ-низомии
факултети № 4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия Асрорзода Ф.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...