Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни “Мурофиачиёни ҷавон”

489

(Бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон барои курсантони курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ногуфта намонад, ки айни ҳол, озмуни мазкур бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Зеро вақте, ки 10-уми декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид, бо таклифи СММ, аз 10-уми декабри соли 1950 то инҷониб ҳамасола 10-уми декабр рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон яке аз санадҳои аввалин ва паҳнгашта ба ҳисоб рафта, санади мазкур ҳаҷман калон набуда, мазмунан васеъ ва пурмӯҳтаво мебошад.
Инчунин аз нигоҳи тарҷума Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, санаде ба ҳисоб меравад, ки ба аксари забонҳои ҷаҳон тарҷума гаштааст ва аз ин лиҳоз дар байни санадҳои дигари байналмилалӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ин санад ҳуқуқ ва озодиҳои фитрии ҳар як инсонро пешбинӣ менамояд, ки онҳо дахлнопазиранд. Вале гап сари он меравад, ки дар амал татбиқ намудани ин ҳуқуқҳо зарурияти таъсис додан ва фаъолияти мунтазами мақомоти махсусро ба миён меоварад. Зеро таъмини ҳуқуқҳо одатан таввасути мақомоти махсуси давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз вазифаҳои асосии давлат ба ҳисоб меравад, ки ин вазифа ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳифз шудани хукуку озодихо, дар арсаи байналмиллалӣ нуфузи давлатро баланд намуда, эътибори онро зиёд мегардонад.
Аз ин лиҳоз фаромӯш набояд созем, ки маҳз фаъолияти мурофиавӣ низ тавре, ки аз қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 2-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудааст.

490491492

Мақсад аз ташкил намудани чунин озмунҳо, ин такмили донишҳои назариявӣ ва ҷалби бештари курсантону шунавандагон ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.
Дар санаи 3 декабри соли 2020 озмуни “Мурофиачиёни ҷавон” бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон барои курсантони курси 4-уми факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сардори факултети №2, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С.баргузор гардид.
Озмуни мазкур аз се давраҳои асосӣ иборат буд:
1. давраи якум “Омодасозӣ” (муаррифӣ намудани номи тим);
2. давраи дуюм “Бахши саволу ҷавоб” (саволҳои назариявӣ дар доираи фанҳои кафедра);
3. давраи сеюм “Тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ва машғулиятҳои амалӣ” (иҷрои супориши амалӣ дар доираи фанҳои кафедра).
Аз ҷониби барандаи озмун, омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, лейтенанти калони милитсия Холов Ф.М. ва лейтенанти милитсия Нурализода Ш. бо усули интерактивӣ “ЖЕРЕБЕВКА” бозиҳои ҷолиб ба ҳозирин пешкаш карда шуд.
Ҷамъбаст ва эълон намудани ғолибони Озмуни “Мурофиачиёни ҷавон” аз ҷониби Раиси ҳакамон сардори факултети № 6, н.и.ҳ., полковники милитсия Нозирӣ Н.А.эълон карда шуд.
Ба ғолибони озмун Сабдавлатова М., Ортиқов Ш., Раҳимзода И., Ализода Н., Раҳимов Н., Эшонқулов М. аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд.
Убайдулозода Фирӯза, Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгорони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД, подполковникҳои милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...