Ҷавонон умеду такягоҳи давлат мебошанд
(Баргузори конференсияи байналмилалии курсантон дар шакли он-лайн)
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Орёл ба номи В.В.Лукянов ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 27 апрели соли 2017, курсантони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи банйламилалии курсантон, шунавандагон ва адъюнктон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқ аз нуқтаи назари ҷавонон» (Актуальные проблемы права глазами молодежи), ки дар ш.Орёл баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.
Ба сухани ифтитоҳӣ сардори Донишкада – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори политсия Симоненко Сергей Андреевич ва муовини сардори Донишкада оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Муравёв Кирилл Владимирович баромад намуданд.
Мақсади баргузории конференсияи мазкур ин васеъ намудани алоқаҳои илмӣ, ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб намудани курсантон, инчунин, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон бо роҳи аз худ намудани дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ ва малакаи таҷрибавӣ, ба ҳисоб меравад.
Дар конференсияи мазкур курсанти курси 3 факултети №6 Академияи ВКД, сержанти хурди милитсия Раҳимов Меҳроҷ Муродҷонович бо маърӯза дар мавзӯи «Тартиби пешниҳод ва истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ» (Порядок предоставления и использования результатов оперативно-розыскной деятельности в уголовном процессе) фаъолона иштирок намуд, ки маърӯзаи мазкур актуалӣ буда, аз тарафи устодон ва курсантони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Орёл баҳои баланд дода шуда буд.
Вобаста ба ин, баъди конференсия ба М.М.Раҳимов «Сертификат ҷиҳати иштирок дар конференсияи байналмилалӣ» супорида шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД