Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шунавандагони Факултети №3 Академияи ВКД аъзои Китобхона гардиданд

484

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати касбӣ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин замина ҳайати шахсӣ, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД пайваста ба тамошои театру филмномаҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин миёни ҳайати шахсӣ озмуну санҷишҳо вобаста ба хондани китобҳои бадеӣ ва илмӣ ба роҳ монда шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар робита ба ин санаи 3 декабри соли 2020 ҳайати професорону омȳзгорон ва шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД ба таври дастаҷамъона ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, барои минбаъд бе монеа истифода намудан аз осори бадеиву илмии Китобхонаи мазкур аъзои китобхона гардиданд.

485486

Аз ин пас, омȳзгорону шунавандагони Академияи ВКД дар вақтҳои барои худ мувофиқ ба Китобхонаи миллӣ ҳозир гардида, баҳри баланд бардоштани донишу малакаи худ метавонанд аз осори китобхонаи мазкур самаранок истифода намоянд.
Сафарова С.Н., Убайдулоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...